“Истиқлол” қисми таваллудхона ба фаъолияти муқаррарӣ бар мегардад.

“Истиқлол” қисми таваллудхона ба фаъолияти муқаррарӣ бар мегардад.

Қисми таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории илтиҳоби шуш  машғул буд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар қисмҳои муассиса   бо истифода аз маводҳои махсуси тиббӣ корҳои безараргардонӣ пурра ба анҷом расонида шуда. Ҳамзамон аз Маҷмаа ва дигар муассисаҳои тандурустии мамлакат садҳо нафар бемороне, ки бо аломати гирифтор ба бемориҳои илтиҳоби шуш, бронхит ва дигар бемориҳои сироятӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд, дар муддати муайян шифо ёфта, ба назди назидикону пайвандонашон бармегарданд.