Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 31 майи соли равон дар беморхона 184 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзӣ охир 31 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон то санаи зикршуда 164 нафар дар Маҷмаа зери назорат табибон ҳастанд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа, дар Маҷмаа шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 нисбат ба моҳҳои пеш паст гардида, вазъи бистарикунонӣ дар беморхона камтар ба қайд гирифта шудааст.
Новобаста аз коҳишёбии шиддати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ пайваста аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятиро ҳатман риоя намоянд ва аз ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.