Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” иттилоъ медиҳад, ки санаи 4-уми июни соли равон дар Маҷмаа дар як шабонарӯзи охир 18 нафар беморон пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки табибон беш аз пеш рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида истодаанд.
Хушбахтона дар кишвари мо шумораи беморони сироятӣ коҳиш ёфта, шумораи шифоёфтагон рӯз то рӯз меафзояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки шаҳрвандон тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштии умумиро фаромуш карда, ба осудахотирӣ роҳ диҳанд, зеро ки табиби ҳар шахс худи ӯст.