Истиқболи Наврӯз дар МТИ

Истиқболи Наврӯз дар МТИ

Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз бо фарорасии баҳор хонаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад.

Аҳли кормандони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” санаи 20-уми марти соли равон, ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо тамоми расму оин ва анъаноти таърихи гузаштагони миллати хеш бо як дилгармии зиёд истиқбол намуданд.

Дар баробари таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ бо ташаббуси роҳбарияти Маҷмаа яке аз сунатҳои мардумӣ, туйи хатнаи 12 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд, ки инҳам кумаке дар арафаи ҷашни Наврӯз ба ниёзмандон мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон, маҳсуб мешавад. Намунаи барҷастаи чунин арзишҳо Наврӯзи Аҷам аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардааст.