Табрикоти Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи Тандурустии «Истиқлол” Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич ба муносибати Иди Наврӯз

 Табрикоти Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи Тандурустии «Истиқлол” Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич ба муносибати Иди Наврӯз

Ҳамватанони  азиз!

Иди Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашни миллии мардуми ориёинаҷот буда, бо мурури замон бо қалби халқу миллатҳои дигар низ мустаҳкам маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсозии миллати куҳанбунёд ва фарҳанги мо аст.

Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯзи тоҷиконро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд ва он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад, ки боиси ифтихори ҳар яки мо аст.  Шоистаи зикр аст, ки Наврӯз дар ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро «Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсозӣ тоҷик» номидаанд.

Ба диёри зебоманзари мо боз Наврӯз қадами мубораки худро ниҳода аз бедоршавии табиат ва оғози рӯзи наву иқболи нав муҷдаи шодӣ медиҳад.

Наврӯзи аҷам бо файзу шаҳомати хоса ва қадами бобарори худ ба диёри мо пайғоми омадани баҳори нозанин ва айёми шукуфоии табиатро мерасонад.

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон, маҳсуб мешавад. Намунаи барҷастаи чунин арзишҳо Наврӯзи Аҷам аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардааст.

Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз бо фарорасии баҳор хонаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро бар дили ҳар яки мо ҷой мекунад.

Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд. Зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгони хеш ин бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор оромӣ, осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва ормонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.

Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумла бузургтарин ҷашнҳои муққадаси миллӣ ва оини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерӯву илҳоми тоза ато мекунад.

Наврӯз аз оғози пайдоиши худ чун оғози корҳои хайр, бахшишу муруват, аёдати пирону бепарасторон шинохта шудааст ва метавон гуфт ин анъанаҳои некӣ идона дар рӯзгори мо тобиши тозаро касб карда, моро ба идомаи беҳтарин анъанаҳои гузаштагонамон водор менамояд.

Бо расидани Наврӯзи оламафрӯз марди деҳқон ба замин тухми умед, некиву ростӣ ва орзуҳо кишт менамояд. Аз ин рӯ Наврӯз иди поку беолоиши баракат меорад, аз зиндагии серу осуда муҷда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кушоиши кор ато мекунад.

Бо истифода аз фурсат фарорасии Наврӯзи фаррухпай, оғози соли нави аҷдодӣ, эҳёи табиат пирӯзии нур бар зулмотро ба ҳамаи Шумоён ҳамдиёрони азиз самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод орзу менамоям. Наврӯзатон муборак!