«Шароити мусоиди табии ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст»,- иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳақиқат Тоҷикистон аз қатори мамлакатҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати ҳайратангез ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон — дӯстдорони сайру саёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст. Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони мамлакат низ кашфношуда боқӣ мондаанд.
Деҳаи Даштибед дар шаҳри Ваҳдат яке аз мавзеъҳои табиаташ хеле зебо ба ҳисоб меравад. Дар ин мавзеъ зиёда аз 200 номгӯи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд мебошад. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо гиёҳҳои шифобахш аз ҷониби роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар деҳаи Даштибед сайёҳат ташкил карда шуд. Дар сайёҳати куҳнавардӣ куҳнавардон, табибон ва дигар кормандони ҳавасманд иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур муарифии бештари имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои мамлакат ва шиносои бо гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат ва фарҳанг мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.