Боздиди директори ширкати “Ҷайкаи” Япония аз вазъи хизматрасонии тиббии МТИ

Боздиди директори ширкати “Ҷайкаи” Япония аз вазъи хизматрасонии тиббии МТИ

Ширкати “Ҷайкаи” Япония яке аз  шарикони рушди  соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Санаи 23 август директори ширкати “Ҷайкаи” Япония бо як қатор ҳайъати ҳамроҳонаш ва намоянда аз вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ташриф оварданд. Меҳмонон аз тамоми қисмҳои МТИ дидан намуда бо дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббӣ шинос шуданд. Баъди шиносоӣ аз вазъи ҷойгиршавии биноҳо ва таҷҳизотҳои тиббӣ дар толори маҷлисгоҳ,  кормандони соҳаи тандурустии МТИ фаъолияти табобатии хешро тариқи презинтатсия пешкаши онҳо намуданд. Дар охир директори ширкати “Ҷайка” суханрони карда иброз доштанд, тамоми таҷҳизоту лавозимоти дар ин муассиса насбгардида яке аз беҳтаринҳо буда камбудиҳо дар ин самт ҷой надоранд. Ҳамин тариқ ба фаъолияти табобатии кормандон низ баҳои баланд дода шуд.