Нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар МТИ

Нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар МТИ

Аз тарафи мутахассисони  соҳаи тандурустии мамлакат, ки савияи дониши хешро дар дохил ва хориҷи кишвар такмил додаанд, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Имрузҳо маҳорату малакаи касбии онҳо  мушкилии беморонро осон гардонидааст. Пештар беморон барои гузаронидани ҷарроҳиҳои мураккаб ба хориҷи кишвар сафар мекарданд. Имрӯзҳо бошад мушкилии онҳо ҳали худро ёфта истодааст.  Дар МТИ аз тарафи табиби ҷавон Эҳсонов Абдушокир, ки дар Ҳиндустон такмили ихтисос гирифтааст  бори нахуст ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой гузаронида шуд.  Амалиёти ҷарроҳӣ 3 соат идома карда бо мувафақият анҷом ёфт. Дар амалиёти ҷарроҳӣ мутахассисон аз Ҳиндустон иштирок доштанд.