Оид ба корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018

Оид ба корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018

Дар мавриди таъмини иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти  № 228 аз 5 майи соли 2017, “Дар бораи омодагӣ ба мавсими  тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар шаҳри Душанбе”, Фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Фармоиши директори Маҷмааи тандурустии истиқлол таҳти № 69 аз 03.07.2017 “Дар бораи таъсиси ситоди корӣ оид ба тайёрӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо”дар Маҷмаа корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истодаанд.

Мувофиқи Қарору супоришҳои зикргардида, ҳамаруза бо иштироки сартабибони қисмҳо ва мутасаддиёни соҳавӣ дар Маҷмаа ситоди кории омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 баргузор  гардида, дар ин самт  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамарӯза Ситоди кории омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода ва баррасӣ намудани масъалаҳои марбути он бо масулини соҳавӣ ва хоҷагидорони қисмҳои Маҷмаа баргузор мегардад, ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Аз он ҷумла ;

Бо ҷалби имкониятҳои худдӣ бартараф намудани камбудиҳои мустаҳкамкунии дару тирезаҳои иншооти Маҷмаа, рангу бори дарвоза, панҷараҳои атроф ва даромадгоҳҳои асосии он.

Барқарор намудани камбудиҳои таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда (кондисионерҳо) ва  таҷҳизоти обукоррезӣ (сантехникӣ).

Аз муоинаи техникӣ гузаронидани Чиллерҳо, дегҳои обгармкунии барқӣ, таҷҳизоти обкашӣ (насосҳо), трансформаторҳо, генераторҳои барқдиҳанда ва дигар таҷҳизотҳо идома дошта дар муҳлати муқарарӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Дар ҳолатҳои қатъ гардидани интиқоли қувваи барқ се адад таҷҳизоти муосири барқдиҳанда (дизел-генераторҳо — 2адад — 460 ква ва 1адад — 90 ква) дар муддати 2-3 сония худкор фаъол шуда қувваи барқро ба иншооти Маҷмаа таъмин менамоянд. Мавриди зикр аст, ки барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти онҳо дар фасли сармо 8 тонна сузишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Барқарор намудани камбудиҳои таҷҳизоти бехатарии зидди сухтор, ки дар баъзе иншооти Маҷмаа аз аввали фаъолияти муассиса корношоям буданд. Таҷҳизотҳои мазкур пурра аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, дар ҳолати омодагӣ қарор доранд.

Ба ҳолати имрӯза дар доираи таъмини иҷрои муроҷиатҳои пайгиронаи  роҳбарияти Маҷмаа оид ба бартарафсозии камбудиҳои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба унвонии муовини Раиси  шаҳри Душанбе ва  Раёсати сохтмони асосии Шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндаи ҶДММ “Ормон” зиёда аз 15 номгуи камбудиҳои таҷҳизоти тиббии қисмҳои Маҷмаа барқарор карда шуд.  ҶДММ “Осоиш” қубури обгузари назди Бистаринамоии калонсолон ва қубурҳои обдиҳии оташнишонии Дармонгоҳро таъмир ва барқарор намуд.  Бо намояндагони ширкатҳои пудратчӣ ҶДММ “Фараҳманд”, ҶДММ “Осоиш”, ҶДММ “Евроклимат”, ҶДММ “Тоҷикклимат” барои таъмиру барқарорсозии муҳаррикҳои таҷҳизоти бахши ҷомашуйхона, таҷҳизоти обкашӣ, таҷҳизоти газӣ ва бо ҶДММ “ТТМ” барои таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти тиббии қисмҳои Ташхисгоҳ, Ҷароҳии кӯдакона ва Бистаринамоии калонсолон ҳамкориҳо идома доранд.

Айни замон 10 тонна қум захира карда шуда,  корҳои омодагӣ барои захира намудани намак идома доранд. Маъмурияти “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҳамаруза кушиш ба харҷ медиҳад, ки омодагии ҳамаҷонибаи қисмҳои алоҳидаи онро ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода таъмин намуда, ҳолати расонидани хизматрасонии хуби тиббиро ба сокинони пойтахти азизамон    боз ҳам беҳтар намояд.

Муовини директор: Б. Тошматов