Author: МД МТ Истиқлол

Асосӣ / МД МТ Истиқлол
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе
Запись

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ! Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва...

Вохурии  “Иттиҳоди табибони ҷавон” бо кормандони ҷавони МТ “Истиқлол”
Запись

Вохурии “Иттиҳоди табибони ҷавон” бо кормандони ҷавони МТ “Истиқлол”

Санаи  28-уми  октябр  дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ҷаласа баргузор гардид.  Дар ҷаласа роҳбари ташкилоти “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоҷони Сафаралӣ  ва  кормандони Маҷмаа иштирок доштанд.  Сараввал дар ҷаласа  Бобоҷони Сафаралӣ   суханрони намуда зикр намуд, ки мақсади таъсисдодани ин ташкилот аз он иборат мебошад, ки...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.10.2020 19:04, шаҳри Душанбе
Запись

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.10.2020 19:04, шаҳри Душанбе

27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии...

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ 22.10.2020 18:59, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ 22.10.2020 18:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ боздид аз Тоҷикистон анҷом медиҳад, баргузор гардид. Дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд. Дар ин зимн ба...

ҲАР КАДОМИ МО МЕТАВОНЕМ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 САҲМГУЗОР БОШЕМ.
Запись

ҲАР КАДОМИ МО МЕТАВОНЕМ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 САҲМГУЗОР БОШЕМ.

Новобаста ба он, ки тӯли чандин моҳ мешавад мардуми сайёра, махсусан табибон бар муқобили бемории коронавируси нави COVID-19 муборизаи беамон бурда истодаанд, мутаассифона ҳануз ҳам аз ҷониби олимони соҳа   ягон доруе барои табобати ин беморӣ ихтироъ нагардидааст. Пандемияи COVID-19 болои мушкилоту проблемаҳои глобалӣ мушкилоти дигар зам намуд. Ин беморӣ на танҳо ба саломатии инсонҳо таъсири...

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва иштирок дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 16:09, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Запись

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва иштирок дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 16:09, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд. Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои...

Боздид аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Институти боғпарварӣ дар вилояти Суғд 17.10.2020 12:35, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Запись

Боздид аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Институти боғпарварӣ дар вилояти Суғд 17.10.2020 12:35, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Интститути боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат боздид намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қитъаи замин асосан парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки...

Гузоштани санги асоси сохтмони гармхонаи замонавӣ ва боздид аз гармхонаи “ММК-Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 09:45, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Запись

Гузоштани санги асоси сохтмони гармхонаи замонавӣ ва боздид аз гармхонаи “ММК-Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 09:45, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат гармхонаи мазкур дар масоҳати 3 гектар замин...

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор” ва иштирок дар намоиши гулҳои ороишии хризантема дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 09:44, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Запись

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор” ва иштирок дар намоиши гулҳои ороишии хризантема дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17.10.2020 09:44, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор”-ро ифтитоҳ намуда, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема иштирок карданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишии навъи хризантемаро роҳандозӣ кардааст, ки айни...