Вохурии  “Иттиҳоди табибони ҷавон” бо кормандони ҷавони МТ “Истиқлол”

Вохурии “Иттиҳоди табибони ҷавон” бо кормандони ҷавони МТ “Истиқлол”

Санаи  28-уми  октябр  дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ҷаласа баргузор гардид.  Дар ҷаласа роҳбари ташкилоти “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоҷони Сафаралӣ  ва  кормандони Маҷмаа иштирок доштанд.  Сараввал дар ҷаласа  Бобоҷони Сафаралӣ   суханрони намуда зикр намуд, ки мақсади таъсисдодани ин ташкилот аз он иборат мебошад, ки бо мақсади истифода аз неру ва иқтидори табибони ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ чорабиниҳои оммафаҳмонӣ паҳн кардани маводҳои иттилоотӣ, суҳбату вохуриҳо дар муассиҳои таълимии олӣ, миёна, миёнаи махсус ва муассисаҳои томактабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ташкилот таъсис дода шудааст.  Таъмини шароити арзанда ва инкишофи босуръати соҳаи тандурустӣ.  Маврид ба зикр аст, ки дар пандемияи COVID-19, ташкилоти мазкур бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани шиддати сироятёбии аҳолӣ саҳми худро гузошта истодааст.