ҲАР КАДОМИ МО МЕТАВОНЕМ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 САҲМГУЗОР БОШЕМ.

ҲАР КАДОМИ МО МЕТАВОНЕМ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 САҲМГУЗОР БОШЕМ.

Новобаста ба он, ки тӯли чандин моҳ мешавад мардуми сайёра, махсусан табибон бар муқобили бемории коронавируси нави COVID-19 муборизаи беамон бурда истодаанд, мутаассифона ҳануз ҳам аз ҷониби олимони соҳа   ягон доруе барои табобати ин беморӣ ихтироъ нагардидааст.

Пандемияи COVID-19 болои мушкилоту проблемаҳои глобалӣ мушкилоти дигар зам намуд. Ин беморӣ на танҳо ба саломатии инсонҳо таъсири манфии хешро расонид, балки ба рушди кулли соҳаҳои кишварҳои олам низ таъсири манфии хешро гузошт.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки роияи як қатор амалҳо метавонанд ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ва коҳиш додани хавфи сироятёбии шаҳрвандон ба он таъсири мусбӣ расонанд.

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ,  дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, яъне ҳангоми суҳбат бо нафаре масофаи 1,5 то 2м-ро риоя намудан, пайваста шӯстани дастон бо маводҳои антисептикӣ ва ё собун метавонанд ба пешгирии ин беморӣ саҳм гузоранд.

Тибқи хулоса ва таҳқиқотҳи табибон, бемории коронавируси нави КОВИД-19 аз шахси бемор бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи нафас ва даҳон ба дигарон сироят  мекунад. Аз ин лиҳоз истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз 1,5 то 2 метр ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кучаву хиёбонҳо ҳатмист.

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки дар робита ба масъалаи мазкур  чанде қабл Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Гебрейесус  аз ҳама  даъват кард, ки бо худ  маҳлули безараркунанда дошта бошанд ва  дар ҳолати зарурӣ ниқоб бипӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, ниқоб на танҳо воситаи пешгирии паҳншавии вирус, балки як навъ рамзи ҳамраъйӣ аст.

“Дар ҳолати зарурӣ ниқоб бипӯшед, фосилаи иҷтимоӣ  ва этикаи сулфазаниро риоя кунед, аз ҷойҳои серодам ҳазар кунед, дастҳоятонро зуд-зуд бишӯед. Бо ин коратон шумо худ ва дигаронро ҳифз хоҳед кард”, маслиҳат дод сарвари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.    Мавсуф таъкид кард, ки вирус ҳоло ҳам  дар ҳама ҷойи сайёра бедодгарӣ мекунад, вале ягон воситаи муассири зидди он вуҷуд надорад.

Бо назардошти  муҳимияти масъалаи мазкур 4 июни соли ҷорӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо нашри як муроҷиатнома аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш намуд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар пешгирии бемории COVID-19, имрӯзҳо бархе шаҳрвандони мамлакат бар хилофи тавсияи мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амал намуда истодаанд.

Махсусан, имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ки ин амали онҳо хилофи қоидаҳои пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҳар яки мо сокинони Тоҷикистон вобастагии  калон дорад, зеро, агар мо қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро қатъиян риоя намоем ва дар самти пешгирии он саҳмгузор бошем, метавонем ҳарчи зудтар кишварамонро аз ин беморӣ наҷот медиҳем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ баргардем.

Аммо, бепарвоиву бемасъулиятии ҳар кадоми мо метавонад боиси авҷ гирифтан ва зиёд шудани шумораи гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон гардад.

Ҳамзамон, дар навбати худ падарону модарон масъул ва вазифадор ҳастанд, ки фарзандони хешро дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 қатъиян назорат намоянд.

Ҳамзамон, масъулини тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатиро зарур аст, ки дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар байни кормандони хеш корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд ва масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор бидиҳанд.

Дар хотир бояд дошт, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  муҳофизатии тиббӣ  ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ ва дар хатар нагузоштани атрофиён бе зарурат ба кӯча набароянд. Дар сурати баромадан қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.