Амалиёти ҷарроҳии бемориҳои модарзодии дил байни кӯдакону наврасон ба таври ройгон дар МТИ.

Амалиёти ҷарроҳии бемориҳои модарзодии дил байни кӯдакону наврасон ба таври ройгон дар МТИ.

Оғоз аз 25 октябр то 3-юми ноябр бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Фонди хайриявии “Лона”, инчунин зери сарпарастии  Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  даври гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола ба тариқи ройгон сурат гирифт.

Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани  ҷаррориҳои дил ва солимгардонии кӯдакону наврасони синни то  18 сола зиёда аз 23 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷароҳии дилу рагҳои 13 кишвари ҷаҳон аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср, ва ғайра ҷамъ омада буданд. Дар рафти гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дили кӯдакону наврасони то 18 сола мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб гардида  буданд.

Бояд зикр намуд, ки таи рӯзҳои гузаронидани ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола зиёда аз 60 нафар, ки бино бар доштани  бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор дошта буданд, ба тариқи ройгон ва дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.

Ҷамъомад бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва масъулони  идораву сохторҳои дахлдор ва бо ҳузури меҳмонони 13 кишвари хориҷ сурат гирифта, дар рафти он аз ташкилгарон ва саҳмгузорони ҳафтаи ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сипосгузорӣ карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони  соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо дар ҳамкорӣ бо  Фонди хайриявии “Лона”,  Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб вобаста ба ҳамкориҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, баҳри ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона ва дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд, изҳори сипос намуданд.

Намояндагони Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб низ дар навбати худ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Таи як ҳафтаи ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони дили то 18 зиёда аз 400 нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба иқрори мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 13 кишвари хориҷ танҳо дар ин давра нафарони зери хатар қарордошта ҷарроҳӣ карда шуданд. Аммо ба гуфтаи мутахассисон чунин чорабиниҳо, яъне ба тариқи ройгон ҷарроҳӣ намудани кӯдакони камбизоати гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил маротибаи охир набуда таи моҳҳои наздик боз ҳам ташкил ҳохад ёфт.

Баъд аз ҷамъбасти чорабинии  мазкур дар толори калони  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  маросими туҳфасупорӣ ба кӯдакони ҷарроҳигардида сурат гирифта дар рафти он баҳри болидарӯҳии кӯдакону наврсони табобатёфта ва меҳмонону ҷамъомадагон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии  Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” чунин амалиёти ҷарроҳӣ аз 6-ум то 8-уми декабр ба роҳ монда шуд. Амалиёти ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи тиббӣ Аморати Мутаҳидаи Араб дар ҳамбастагӣ бо  мутахасисони ватанӣ ба таври ройгон гузаронида шуданд. Дар иқдоми навбати,ки 2 рӯз идома ёфт 20 нафар беморони гирифтори бемориҳоии модарзодии дил бо мувафақият ҷарроҳи шуданд.