Вохурии кормандони Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  бо кормандони соҳаи тандурустии ш.Душанбе дар  Муассисаи давлатии МТИ.

Вохурии кормандони Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  бо кормандони соҳаи тандурустии ш.Душанбе дар  Муассисаи давлатии МТИ.

Санаи 09.12.2017 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» вохурии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бо кормандони соҳаи тандурустии ш.Душанбе баргузор гардид.

Дар оғоз Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х.С. Сухан ронда ҳозиринро ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия шодбош гуфта иброз доштанд, ки мо табибон як масъулияти ниҳоят бузургро бар душ дорем ва бояд пайваста савияи дониш ва малакаи хешро такмил дода, риояи тартиботи ҷамъиятӣ махсусан одоби муоширатро  хуб ба роҳ монем. Сипас Алишер Носири  Муовини сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар раёсати агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия дар ш. Душанбе. Баромад намуда иброз намуданд, ки  Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Дар ҳамиин замина аз тамоми иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки ба ин зуҳуроти номатлуб даст назада, баракс барои пешгирии ҳолатҳои коррупсиони саҳмгузор бошанд. Дар охири ҷамъомад аз ҷониби кормандони ин ниҳод варақаҳои таблиғотии тарбиявидошта тақдими иштирокчиён гардид.