Сӯҳбати омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Б. бо кормандони Массисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар мавзӯи “Этика ва муоширати хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Сӯҳбати омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Б. бо кормандони Массисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар мавзӯи “Этика ва муоширати хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар асоси барқияи ҳукуматӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо оиди гузаронидани курси омӯзишӣ, ки мавзӯъҳои баланд бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ, фарҳанги муошират ва риояи либоси протоколиро дар бар мегирад аз тарафи Ализода Б. Омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни кормандони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурусии “Истиқлол” фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Ализода Б. дар мавзӯи “Этика ва муоширати хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада тамоми ҷузъиётҳои ин мавзӯъро аз қабили симои намунавии хизматчии давлатӣ, рукнҳои асосии одоби хизматчиёни давлатӣ, поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, масъулиятштносӣ, ташаббускорӣ, эҷодкорӣ ва худтакмилдиҳиро шарҳу тавзеҳ доданд.

Таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои муҳими идоракуниро дар риояи меъёрҳои арзишманди ахлоқӣ мебинанд ва талабот ба миён гузоштаанд, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ сарфи назар аз мақоми ишғолкардаашон бояд дасту дили пок, нияти нек, садоқат ба давлату миллати худ, нангу номуси ватандори, эҳсоси масъулияти базиммадоштаро доро бошанд.

Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат хизматчии давлатӣ бояд дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ хоксору хушмуомила бошад. Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти худ санъати сухан, қоидаҳои умумии муошират ва  пӯшидани либосро мутобиқи расмиёти одоби  корӣ риоя кунад. Хизматчии давлатӣ бояд  ба ташрифоварандагон таваҷҷуҳ карда, ба арзи онҳо  таҳаммулпазирона муносибат намояд ва ба онҳо тартиби баррасии муроҷиатҳо ва қонунгузории дахлдорро фаҳмонда, дар доираи салоҳият қарор қабул намояд.