Усули ҷадидӣ табобат дар самти бемориҳои санги системаи роҳҳои пешоб ва гурда дар байни кӯдакон

Усули ҷадидӣ табобат дар самти бемориҳои санги системаи роҳҳои пешоб ва гурда дар байни кӯдакон

Бо истифода аз дастовардҳои  илмӣ ва технологияи навтарини соҳаи тандурустӣ дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё, ҷарроҳиҳои гуногуни тиббӣ  бе  буридани бадани бемор,  анҷом меёбад.

Хушбахтона, дар кишвари мо низ аз ин тарзи табобати замонавӣ  метавон истифода бурд. Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз мебошад, ин тарзи ҷарроҳӣ  анҷом дода мешавад.

Муҳаммадёсин Шарифов зодаи шаҳри ҳисор буда 4 сол дорад. Ин дуструяк дар баробари хурд буданаш аз бемории санги гурда азият мекашад.  Бояд зикр намуд, ки бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб дар байни бемориҳои урологӣ аз ҷиҳати паҳншавияш яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда  аз давраҳои қадим маъмул аст ва дар кӯдакони 3 то 12 сола  бештар     мушоҳида мегардад. Пизишкон пештар ин намуди бемориҳоро бо роҳи консервативӣ ва тариқи амалиёти ҷарроҳиҳое,ки ба таври буриш сурат мегирифтанд, табобат

менамуданд.  Хушбахтона бо рушду густариши таҷҳизотҳои тиббӣ, табибони  Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” усули нави табобати ин намуди бемориро бо роҳи эндоурологӣ ба роҳ мондаанд.

Яъне бо истифода аз таҷҳизоти тиббии литотриптор дар мудати 2 соат сангҳое, ки Муҳамадёсини хурдакаро азоб медоданд бидуни амалиёти ҷарроҳии буришӣ бартараф карда шуданд.

Ҳамин гуна як навгонии дигар дар самти бемории рефлюкси масонаю ҳолиб ба роҳ монда шуд.  Бемории Рефлюси масонаю ҳолиб  равиши баракси пешоб аз масона  ба роҳҳои болоии пешобрав мебошад, ки дар кӯдакон бештар хусусияти модарзодӣ дорад. Ҳангоми бемории рефлюкси масонаю ҳолиб пешоби сироятёфта аз масона ба гурдаҳо рафта боиси сироятёбии гурдаҳо ва ба склероз мубадал гаштани лаҳмии он мегардад.

Шарифов Саидеҳсони 6 сола модарзод ба ин бемори гирифтор аст.  Ӯ ба хотири раҳои ёфтан аз ин бемори 2 маротиба амалиёти ҷарроҳии кушодро аз  сар гузаронидааст, аммо натиҷаи дилхоҳро ба даст наовард.

Хушбахтона бо дастрас намудани таҷҳизоти   Уретероскоп ва малакаи баланди табибон  ба зери пардаи луобии сурохии резишгоҳи ҳолибе, ки нуқсон дорад, маводҳои синтетикии ҳаҷмҳосилкунанда равон карда мешаванд. Ин маводҳо ҳаҷмгирии бофтаҳоро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷа  ҷои нуқсондор маҳкам мешавад.

Назорати видеоӣ имкон медиҳад, ки ҷарроҳ тамоми равандро пеши назар дошта бошад ва ба  камтарин иштибоҳ роҳ надиҳад.  Касоне, ки аз кори пизишкӣ огоҳ нестанд, шояд чунин тасаввур бикунанд, ки чун амал бо дастгоҳҳои навтарин анҷом мешавад, ин кор хеле сода аст. Аммо  чунин нест, ин амалҳо маҳорати зиёд, лаёқат ва таҷрибаи на камтар аз панҷсолаи фаъолият дар риштаи эндоурологияро талаб мекунад.

Хулоса ин намуди нави табобат дар байни кӯдакон аз малакаи касбӣ ва технологияҳои иноватсионӣ марбут буда, барои кӯдакон аз ҳама роҳи сабук ва камосеб ба ҳисоб рафта, як қатор бартариятҳоро низ доро мебошад. Ин усули табобат дар муқоиса бо амалиётҳои ҷарроҳии кушод бе хавф буда натиҷаи табобат сари вақт ба даст омада аз ҷиҳати иқтисодӣ низ камхарҷ мебошад.