Дар МТИ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарӣ умумӣ доир мегардад.

Дар МТИ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарӣ умумӣ доир мегардад.

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст.

Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Тозагии муҳити атроф, дасту дили пок, тозагии муҳити зист, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагии зиёд  дорад. Инсониятро

мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва ҷомеа саломату барҷо бошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир шӯруъ аз санаи 1-уми июли соли 2017 то инҷониб  рӯзҳои шанбе, ҷамъи кормандони   Муассисаи давлатии Маҷмааи

тандурустии “Истиқлол” ба ҳашари умуми баромада ба тоза  намудани алафҳои хушкшуда, нарм кардани бехи дарахтони сояафкан, тоза намудани ҷуйборҳои обрав ва шустушӯи шабчароғҳо машғули кор мешаванд. Дар баробари корҳои тамизгардонӣ, шуруъ аз 27.01.2018 шинонидани  дарахтон ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монада шуд. Зеро мавҷудидаяти дарахтони сояафкану

хусусиятҳои табобтдошта метавонад, ки дар бисёр ҳолатҳо руҳияи ниёзмандонро ором бубахшаду хастагиро рафъ намояд.

Аз инру дар ҳудуди Маҷмаа ва гирду атрофи он зиёда аз 96 адад  дарахтони ороишии навъи санавбар шинонида

шуданд.

Бо назардошти талаботи зиёд ба гулҳои ороишию мавсимӣ ва ҳамешасабз аз тарафи  роҳбарияти Маҷмаа гармхонаи парвариши гул таъсис дода

шудааст, ки ҳудуди 15-ҳазор гул дар он парвариш меёбад.

Аз оғози иқдоми зайл то ҳол 3060 адад гулҳои навъи садбарги голандӣ, 3800 адад гулҳои мавсимӣ ва зиёда аз 500 адад гули лола дар гирду атрофи маҷмаа шинонида шуд, ки нашъу намои хуб дорад.