Гиромитошти 25 солагии таъсиси Артиши миллӣ дар МТИ

Гиромитошти 25 солагии таъсиси Артиши миллӣ дар МТИ

20.02.2018 с. Дар Муасисаи давлатии Маҷмаи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад намояндагон аз Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд.

 

Гуфта шуд, ки пас аз интихоб ва рӯйи кор омадани Ҳукумати қонунӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ қабул намудани чунин қонунҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3, қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.

Роҳбарияти навтаъсиси ҷумҳурӣ таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи худро бе ягон заминаи моддию техникӣ аз сирф оғоз намуд. Норасоиҳои миқдории зиёди техникию таҷҳизоти ҷангӣ, шумораи ангуштшумори мутахассисони соҳибтаҷрибаи низомӣ дар кишвар ба мушкилот гирифтор буданд. Аммо ба зиммаи роҳбарияти давлатӣ нав таъсисёфтаи тоҷикон масъулияти ниҳоят бузург меистод ва афсарону сарбозони баору номуси кишвар бо сабру тамкин тавонистанд бори вазнини ин масъулиятро мардонавор сипарӣ намоянд.

Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта Артиши миллии навтаъсис дар набардҳои барқарор намудани сулҳу оромии сартосари дар кишвар баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии мамлакат талошу ҷонбозиҳои шоистаро анҷом дода тавонист. Бо даъвати Сарвари давлати нав интихобгардида баҳри истеҳкоми дифои сарҳад қувваҳои сулҳҷӯёнаи ИДМ, марзбонони қисмҳои ҳарбии хушкигарди дивизияи 201-и Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд.

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ вазъи ҳарбию сиёсӣ пайваста тағир ёфта печида мегардид. Ба ҳамаи мушкилоту душвориҳо нигоҳ накарда, бо талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои асосии таъсиси сохтори ташкилию штатии Артиши миллии тоҷик дар соли 1993 гузошта шуда, ба таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангии он барои ҳифзи ҳимояи манфиатҳои миллӣ барқароркунии сохти конститутсиони таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Ногуфта намонад, ки аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон 23-уми феврали соли 1993 доир гардид, ки ҷавонони ватанпарасти тоҷик бо як ҷаҳон ифтихори миллӣ аз он гузаштанд. Барои тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ садҳо ҷавонони тоҷикро ба омӯзишгоҳҳои олии низомии Фадератсияи Русия ва дигар кишварҳо фиристода шуданд, ҳамчунин, дар Тоҷикистон муддати кутоҳтарин коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, сарҳадӣ, донишкадаи олии ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Гуфта шуд,ки мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзию якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.

Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, нигаҳдори сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллии мо барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти мамлакатамон баҳри пешгирии ҳама гуна дастдарозии бегона қодир аст. Артиши миллии Тоҷикистон бояд артише бошад, ки ба меъёрҳои низомии ҳарбии имрӯз ва фардо пурра ҷавобгӯ бошад, ки ба манфиати давлату миллат ва ҷомеаи демократӣ хидмати содиқона карда тавонад.

Масъалаи таъминоти ҷузъу томҳо бо биноҳои замонавӣ, захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаву таҷҳизот тадриҷан ба андозаи имкон ҳаллу фасли худро пайдо кардааст. Таъминоти иҷтимоию маишӣ ҳамасола ба зиёда 250–300 нафар оилаи афсарон бо хонаҳои истиқоматии замонавӣ иҷро карда мешавад. Барои ноил шудан ба нияту нақшаҳои тарҳрезӣ кардашуда зарур аст, ки суботи сиёсию иҷтимоиро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунему Ваҳдати миллиро рӯз то рӯз мустаҳкам намоем ва дар ҷомеа эҳтироми қонун ва волоияти қонунро таҳким бахшем.

Дар охири ҷаласа аз тарафи маъмурияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба меҳмонон Маҳмадализода Ф.С. Абдуллозода С.С. ва 10 нафар кормандони Маҷмаа, ки собиқадорони соҳаи мазкур мебошанд бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.