Месяц: Сентябрь 2019

Асосӣ / 2019 / Сентябрь
Боздид аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:46, шаҳри Кӯлоб
Запись

Боздид аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:46, шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти умҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттиллоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур. дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳалӣ,...

Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:31, шаҳри Кӯлоб
Запись

Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:31, шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:24, шаҳри Кӯлоб
Запись

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:24, шаҳри Кӯлоб

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутаффакир Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд. Ормогоҳи ин шахсияти таърихии...

Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоши махсулоти кишоварзӣ 10.09.2019 19:27, шаҳри Кӯлоб
Запись

Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоши махсулоти кишоварзӣ 10.09.2019 19:27, шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд. Дар назди Кооперативи тиҷоратии Саид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10...

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 19:23, шаҳри Кӯлоб
Запись

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 19:23, шаҳри Кӯлоб

10-уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб...

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон 10.09.2019 19:12, ноҳияи Восеъ
Запись

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон 10.09.2019 19:12, ноҳияи Восеъ

Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои...

Суханронӣ дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” 10.09.2019 19:05, ноҳияи Восеъ
Запись

Суханронӣ дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” 10.09.2019 19:05, ноҳияи Восеъ

Ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо дар доираи сафарҳои кории мо ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳхо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони соховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳар як...

Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик -Кангурт 10.09.2019 19:02, ноҳияи Восеъ
Запись

Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик -Кангурт 10.09.2019 19:02, ноҳияи Восеъ

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд. Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту...

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Восеъ 10.09.2019 19:01, ноҳияи Восеъ
Запись

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Восеъ 10.09.2019 19:01, ноҳияи Восеъ

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Гулистон сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Восеъ дар солҳои Истиқлолият ба тадриҷ рушд...

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав ва боздид аз обанбори Мӯъминобод 10.09.2019 14:47, ноҳияи Мӯъминобод
Запись

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав ва боздид аз обанбори Мӯъминобод 10.09.2019 14:47, ноҳияи Мӯъминобод

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ меҳмонхонаи навро дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд. Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои...