Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:31, шаҳри Кӯлоб

Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019 22:31, шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти масулияти маҳдуди «Мега техник иншоот» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Корҳои сохтмонии гулгашт, моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии гулгашт, зиёда, 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таьмин гардида буданд.

Дар гулгашт барои сокинону меҳмон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад, ки то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодобнамудани дарахтону гулу буттаҳо ҳамчунин як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб сохта шуда аст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6 метра ва барои гирду атрофи гулгашт 60 адад чароғакҳо насб гардида аст.

Дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳ ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст.

Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт, беш аз 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст.

Ду фавворае, ки дар ин гулгашт бунёд карда шудааст ба гулгашт зебоии дигар бахшида аст.