Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Восеъ 10.09.2019 19:01, ноҳияи Восеъ

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Восеъ 10.09.2019 19:01, ноҳияи Восеъ

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Гулистон сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Восеъ дар солҳои Истиқлолият ба тадриҷ рушд намуда, дар заминаи таваҷҷуҳ намудани роҳбарияти олии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ барои мардуми шарафманди он шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам омад.