Ташрифи табибони шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Росия ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт- Петербург дар шаҳри Душанбе

Ташрифи табибони шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Росия ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт- Петербург дар шаҳри Душанбе

Оғоз аз  16-ум то 19-уми октиябри соли равон мутахассисони соҳаи тиббии Санк-Петербурги Федератсияи Росия аз рафти хизматрасониҳои Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шинос шуданд.

Дар рӯзи аввал  меҳмонон аз қисми Ташхистгоҳ  махсусан аз дастгоҳҳои наспшуда дидан намуда ба рафти хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои ҷойдошта  баҳои баланд доданд. Дар рӯзи дуюм ва сеюм  меҳмонон дар доираи ихтисоси хеш ба беморон маслиҳатҳои муфоид доданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 14  июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Ҳайати шаҳри Душанбе давоми ду рӯз дар  ин шаҳр як зумра суҳбату мулоқот анҷом дод.  Аз ҷумла, дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид,  ки дар он  намояндагони   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург  мулоқот намуданд.

Дар мулоқот  ҳар ду ҷониб доир ба тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, хӯроки иҷтимоӣ, нақлиёту коммуникатсия, хизматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмону меъморӣ мубодилаи афкор карданд.  Шаҳри Санкт-Петербург яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.