Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии оториноларингологон дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии оториноларингологон дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Бо ташабуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти илмии оториноларингологони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Муссисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҷабҳаҳои муосири ташхис ва табобат дар оториноларингология” бо иштироки табибон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Дар кори конфронс Самутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонов С.У. дар мавзӯи “Рушд ва дурнамои оториноларингология” дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон, Ғафорова М.А. д.и.т., профессор аз Маркази тиббии “Лазерс медика”-и Федератсияи Росия оид ба истифодаи “CO2  лазер барои табобати омосҳои хушсифати ханҷара”, Умаров П.У. професори кафедраи стомотологияи такмили ихтисоси табибони Донишкадаи стомотологии Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар мавзӯи “Ҳолати релиефи миёндевори бинӣ ҳангоми ретро ва микрогнотияи фавқонӣ”, Умаров П.У. Ходими калони илмии “ Маркази илмию клиникии оториноларингология”-и Федератсияи Росия дар мазуи “Ҳолати клиникии истифодаи лазери фотоангиолитикӣ ҳангоми параганглиомаи устухони чака” баромад намуданд. Мавзӯъҳои дигари баромадкунандагон аз “Каҷшавии миёндевори бинӣ ва деформатсияи бинии беруна”, “Ташхиси барвақтии гӯшвазнинии сенсоневралӣ ҳангоми отитҳои музмини миёнии фасодӣ”, “Намоёнии эндотоксикоз дар беморони гирифтори риносинуситҳои поллипозӣ”, “Табобати риносинуситҳо бо усули таҳвияи фаъол”, “Табобати маҷмӯӣ ҳангоми деформатсияи миёндевори бинӣ дар ҳамҷоягӣ бо ринити бодигармӣ”, “Хусусиятҳои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ (септопластика) дар кудакон” иборат буд. Дар фарҷоми конфронс ба табибоне, ки дар рӯшди соҳаи оториноларингология саҳм гузоштаанд  ифтихорномаҳо супорида шуд.