Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Мӯҳтарам собиқадорон, падарону модарони азиз!

9 май чун анъана мо Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн мегирем. Иҷозат фармоед сараввал ҳамаи шумоёнро бо иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 – ин ҷашни бузурги таърихӣ аз самими қалб табрику таҳният намоям. Ба шумо, ветеранҳои муҳтарам ва аъзои оилаатон пеш аз ҳама тани сиҳату дили беғам ва давлати пирӣ дар фазои орому осуда ва сулҳу суботи кишвари маҳбубамон орзу менамоям.

Соли ҷорӣ дар тамоми гушаву канори дунё, аз ҷумла Тоҷикистони азизамон 75-солагии ин ғалабаи бузург ҷашн гирифта мешавад. Қарзи ҳар як инсон аст – ки гузаштаи кишвари худро донад ва арҷ гузорад, қаҳрамонию мардонагии ветеранҳои моро бар зидди фашизм ва дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ анҷом додаанд ва барои наслҳои оянда баҳри зиндагии осоишта ғалаба ба даст овардаанд, фаромӯш насозанд.

Имрӯзҳо дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон новобаста ба авзои номуносиби марбут ба пандемияи COVID-19 ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пеш аз ҳама Ҷаноби Олӣ бо фармони худ иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватаниро қадрдонӣ намуда, ба ҳар яки онҳо кумакпулии давлатӣ пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.

Бояд қайд намоям, ки масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷанг ва шахсони онҳо баробаркардашуда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо баҳри солимгардонии собиқадорон як қатор чорабиниҳоро амалӣ карда истодааст. Дар давоми як моҳи гузашта ба тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш шуда буд, ки ба таври иловагӣ ҳар як ветерани ҷангу меҳнатро таҳти назорати тиббӣ гирифта, аз аҳволи саломатии онҳо бохабар бошанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо хизмати дахлдор расонида шавад. Ғамхорӣ ва таъминоти иҷтимоию тандурустии Шумо ветеранҳои гиромӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Мо шуморо бовар мекунонем, ки  дар оянда низ кӯшиш менамоем, баҳри солимгардонию дастгирии иҷтимоиятон беш аз пеш аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи собиқадорони ҷангу меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешем.

Бори дигар, идатон муборак бошад, собиқадорони азизу гиромӣ!