Гуфтугӯи телефонии вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 09.05.2020 08:49

Гуфтугӯи телефонии вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 09.05.2020 08:49

8 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов  суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни суҳбат таҷрибаи табибони кишвари Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони сирояти коронавируси нави  COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муосидат намудани онҳо ба ҳамтоёни  хеш ҷиҳати табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19, ки имрӯз  саросари оламро фаро гирифтааст,  омодагии хешро иброз намуданд.