Қофилаи хайриявӣ барои дили кӯдакон ба кори худ шурӯъ кард. 15.04.2019

Қофилаи хайриявӣ барои дили кӯдакон ба кори худ шурӯъ кард. 15.04.2019

Оғоз аз 13.04.2019 бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” инчунин зери сарпарастии Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб, дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” даври гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ба таври ройгон оғоз шуд.
Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Мутаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Олмон барои гузарониданӣ амалиёти ҷарроҳӣ ҷалб шудаанд. Дар рафти гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки таи рӯзҳои гузаронидани ташхис, ки аз 8-ум то 12 апрел сурат гирифт зиёда аз 470 нафар аз ташхис гузаронида шуданд. Дар ҳамин зимина 100 нафар кӯдаконе, ки бино бар доштани бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд барои амалиёти ҷарроҳӣ пешбини шуда, то имрӯз 15 нафари онҳо бо роҳи эндоваскулярӣ ва 9 нафари дигар бо роҳи ҷарроҳии кушод бо мувафақият ҷарроҳӣ шуданд.