БЕМОРИИ КАМХУНӢ ЧИ ГУНА БЕМОРИ АСТ?

БЕМОРИИ КАМХУНӢ ЧИ ГУНА БЕМОРИ АСТ?

Пеш аз ҳама бояд зикр намоем,ки бемории камхунӣ дар худ омилҳои зиёдеро доро мебошад. Масалан бемориҳои музмини меъда, талха бачадон, миомаи бачадон, гурдаҳо, хунравии меъдагӣ аз байни бачадон, норасогии ғизо ва нодуруст истифода бурдани маводҳои доруворӣ, омилҳо асосии пайдоиши камхунӣ мебошанд. Бояд қайд намоем, ки камхунии вақти ҳомиладорӣ аз нарасидани оҳан, кислотаи фолат ва сафеда сарчашма гирифта гемоглобини хунро паст менамояд ва дар натиҷа норасогии оҳан ба вуҷуд меояд.

Сабаби пайдоиши камхунӣ дар вақти ҳомиладорӣ   ҷанин ба ҳисоб меравад, чунки аз вақти пайдо шудани ҷанин, алакай дар организм  модаҳои чиркин пайдо мешаванд.   Барои баровардани ин модаҳо (токсинҳо) яъне оҳани хун бо сабаби аз меъда ҷабида нашудани оҳан, набудани сафеда,  токсинҳоро аз бадан бароварда наметавонад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳо заҳролуд мешаванд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ пайдошавии рагҳо байни ҷанину модар бо иллати варам, сустшавии мубодилаи моддаҳо ва фулх шудани бофтаҳо ба амал меояд, ки дар натиҷа бадан муқобилиятро аз даст дода, ҳолати камхунӣ пайдо мешавад.  Мавриди зикри хос аст, ки бо сабабҳои дар боло ироашуда,  ҷаббиши оҳан ва сафеда дар  хун кам шуда,  зардоби хун зиёд мешавад. Ҳаминтариқ норасогии оҳани хун ва сафеда ба кам шудани кислороди хун, моддаҳои ғизоӣ ва зиёд шудани зардоби хун оварда мерасонад.

Нишонаҳои бемории хамхунӣ пеш аз ҳама бемадорӣ, ланҷ шудан, пуркидан ё набудани ранги рӯй, кабуд шудани сафедии чашм, зард шудани болои лаб ва кафи даст, бемадории мушак, пайдошавии сарторикии ғайритабиӣ, хокхӯрӣ, бӯй кашидани керосин, бензин, шикастани мӯй, нохун, кафидани кунҷи лабҳо ва нохун, надоштани пешоб, гастрин, варами пойҳо, нафастангӣ, дилзанак, вайроншавии ҳайз ва хунравӣ мебошад.

Бемории камхунӣ дорои оризаҳои зиёд мебошад, хусусан дар вақти ҳомиладорӣ нобудшавии тифл дар батни модар то давраи таваллуд, кафидани ҳамроҳак баъди таваллуд аз сабаби хунравии зиёд. Ба дунё овардани тифлони камвазн ва беқувват, илтиҳоби шуш, паст шудани муҳофизати бадан, баланд шудани ҳолатҳои сироятёбии кӯдаки навзод, суст инкишоф ёфтани ҷисм дар овони кӯдакӣ, бемадор шудани модар ва баланд шудани фавти модарон аз оризаҳои камхунӣ дар давраи 1 ва 2-юми ҳомиладорӣ (часпиши нодурусти ҳамроҳак, вайроншавии гардиши хуни тифл ва модар, пешомади ҳамроҳак) инчунин дар давраи сеюми ҳомиладорӣ хатари зоиши пеш аз мӯҳлат, кафидани ҳамроҳак, варами умумии бадан бо баландшавии фишори хун, гипоксияи тифл, ва маъюбшавии сари тифл дар вақти таваллуд (бо сабаби варами мағзи сар) оризаҳои бемории камхунӣ ба ҳисоб мераванд.

Барои гирифтор нашудан ба бемории камхунӣ чи тавсия медиҳед?

Ҳар як  занро мебояд, ки пеш аз ҳомиладор шудан ба табибон муроҷиат карда, таҳлилҳои хун, ки барои аниқ кардани шакли камхунӣ пешбини гардидаанд аз ташхис гузаронанд.  Инчунин бояд то 12-ҳафтаи ҳомиладорӣ дар қайди диспансерӣ истанд.  Санҷидани фаъолияти гурдаҳо ва дил пеш аз ҳомила шудан муҳим аст, зеро дар вақти ҳомиладорӣ пешгирии оризаҳои камхунӣ  осон мешавад.

Ворид кардани оҳан, сафеда, микроэлементҳо ва витаминҳои В-12, нест кардани ҳолати гипоксияи бадан, пешгирии норасогии байни ҳамроҳаку тифл ва барқароркунии ҳолати солимии бадан барои зан модар зарур аст.

Дар 1-шабонарӯз бояд 1300 мг оҳан ба организм ворид кард шавад, хӯрокҳои ғизонокияшон баланд аз қабили  гушт, лубиё, наск, мош, шир, тухм, мева, сабзавот, кабудӣ ва ғалагӣ истифода бояд кард.

Ба сифати пешгирии камхунӣ, дар вақти ҳомиладорӣ 60мг сулфати оҳан дар 3 моҳ 1 маротиба,  инчунин мудати 12 ҳафта барои пешгирии аворизҳои камақлӣ аз йодофол  200мг-1 маротиба истеъмол кардан аз аҳамият холи нест.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳолатҳои ҷой доштани бемории камхунӣ , беморро зарур аст, ки дар беморхона бистари шуда, ҳамеша зери назорати табибон қарор гирад. Инчунин баъди таваллуд кардан риояи фосилаи байни таваллудро ба ҷой оварда, мудати 3 то 5 сол аз таваллуд кардан худдори варзад.

Ятимова Раҷабгул Маҳмадназаровна, табиби занона.