Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ бо кормандони соҳаи Тандурустии шаҳри Душанбе.

Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ бо кормандони соҳаи Тандурустии шаҳри Душанбе.

24.05.2018 Дар  Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти корӣ доир гардид, ки дар он паҳлуҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид  мавриди омӯзиш қарор гирифт. Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ сурат гирифта, дар кори он кормандони соҳаи Тандурустии шаҳри Душанбе   иштирок доштанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ҳангоми баромади хеш иброз доштанд, ки яке аз самтҳои ниҳоят пурсамари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва такя ба неруи насли ҷавон аст. Ва ин таваҷҷуҳи махсус  ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эҳёи дубораи давлату давлатдорӣ, фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқад­да­соти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот  тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сафарбар намояд. Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар тамоми суханрониҳо ва вохўри­ҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷой­дош­та, ғамхории холисона зоҳир наму­дан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъу­лияти падару модар дар таълиму тар­би­яи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ ба ниҳодҳои дахл­дор пайваста дастуру супоришҳои судманд пешниҳод мегарданд.

Ҳамчунин иштирокчиён доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба тамаддуни башарият ва табиату ҷамъият, хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои пешгирии он, нақши инсон дар раванди таҳаввулоти ҷаҳони муосир, арзишҳои тамаддуни башарӣ ва нақши дину фарҳангҳо дар ҷаҳони муосир, дини мубини ислом ва  таъсири он ба  маънавияти инсон, ҳамчун воситаи низоъҳои сахти сиёсӣ истифода шудани ислом ва оқибтаҳои он, муносибати мардум ба дин ва моҳи Рамазон, ҳикмат ва воҷиботи ин моҳ ва дини ислом, нақши мазҳаби ҳанафӣ ва таҳким гардонидани он дар шароити кунунӣ, ҳушдор додани мардум ва даъвати онҳо ба хотири аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, рӯй овардан ба илму маориф, фарҳангу маънавиёт ва таълиму тарбия бо далелу санадҳо ва мисолҳои воқеӣ аз рӯзгори замони муосир суханронии пурмуҳтаво карданд.