Нигаронии СҶТ аз хуруҷи Эбола дар Конго.

Нигаронии СҶТ аз хуруҷи Эбола дар Конго.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хурӯҷи навбатии бемории марговари «Эбола» дар ҳудуди Ҷумҳурии Демократии Конго изҳори нигаронӣ намуда, бо мақсади пешгирии паҳншавии он миёни аҳолӣ тадбирҳои эмгузарониро ба роҳ монд. Тибқи маълумоти охирин, дар як қатор минтақаҳои шимолу ғарбии мамлакат, дар пайи мубталошавӣ ба бемории мазкур аллакай 18 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ба он сироят ёфтаанд.