Аз фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд

20 январи соли равон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2020 дар муассисаи мазкур ҷаласаи ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, директори муассисаи номбурда Хуршед Рустамзода ва кормандони он иштирок намуданд.

Тавре зимни ҷаласа зикр гардид, давоми соли 2020 новобаста аз пайдоиши бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар кормандони муассисаи мазкур тавонистанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ саҳми намоёни хешро гузоранд.

Дар идомаи ҷаласаи мазкур муовини аввали директори муассиса оид ба табобат вобаста ба фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2020  маърӯза намуд.