Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи ибтидоии ҲХДТ-Истиқлол доир гардид

Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи ибтидоии ҲХДТ-Истиқлол доир гардид

Имрӯз, 19 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи ибтидоии ҲХДТ-Истиқлол дар соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2021 баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҲХДТ, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли сипаригашта аъзоёни Кумитаи ибтидоии ҲХДТ-Истиқлол дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ як қатор корҳои муҳим ва назаррасро ба анҷом расониданд. Махсусан, дар ин давра дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 аъзоёни Кумитаи мазкур саҳми боризи хешро гузоштанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Нақшаи чорабинии Кумитаи ибтидоии ҲХДТ-Истиқлол барои соли 2021 муайян карда шуд.