Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17.08.2018 08:02, шаҳри Душанбе

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17.08.2018 08:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.