Таҷлили рӯзи касбии табибон дар МТИ 16.08.2018 09:00 шаҳри Душанбе

Таҷлили рӯзи касбии табибон дар МТИ 16.08.2018 09:00 шаҳри Душанбе

Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар  Тоҷикистон рӯзи 18 август зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Кормандони муассиаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати ҷашни мазкур ҷаласаи тантанавӣ доир намуданд.

Ҷаласаи тантанавии кормандон дар толори  маҷлисгоҳи маҷмааи тандурустии “Истиқлол” баргузор гардида, дар оғоз директори Маҷмаа Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич аҳли ҷамъомадро табрик намуданд, ки матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

Ҳамкасбони азиз!

Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Ҳамаи табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику  муборакбод мегуям.  Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани Иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино рост меояд. Соли 2013-ум табибони олам 1033-солагии нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва  энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Синоро ба таври хотирмон қайд карда буданд. Ин амал, албатта, нишони эътибору ифтихори  ҷомеа ба онҳоест, ки  баҳри ҳифзи сиҳатии мардум омодаанд ва дар ин ҷода шабонарӯз заҳмат мекашанд.
Ҳар як корманди муассисаҳои тиб, хосатан, табибон асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро китоби рӯимизии худ медонанд. Табибе нест, ки дар рафи ҷевони китоби худ «Донишнома», «Китоб-у-н-наҷот», пеш аз ҳама «Ал-қонун фи тиб»-ро надошта бошад. Маҳз асарҳои Синои бузург буд, ки илми тиб «Медицина» ном гирифт, ки  маънои он «Мадади Сино» мебошад. Муаллифи «Ал-қонун- фи тиб» Абӯалӣ ибни Сино саломатии инсонро сарвати бебаҳо номидааст. Чи хеле ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот таъкид мекунанд, солимии миллати тоҷик дар сиҳатии ҷомеа мебошад.

Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустӣ барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Тамоми кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбиашон таҳният гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.
Бигузор роҳатон дар муоинаю муолиҷа мисли хилъататон  сафед бошад!

Баъди табрикот ва таманиётҳои пурмуҳтавои директори маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Абдуллоев  Ҷамолиддин Абдуллоевич беҳтарин кормандони маҷмаа дар  вазъияти тантанавӣ бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравии дигар қадр карда шуданд.