Месяц: Март 2020

Асосӣ / 2020 / Март
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 22.03.2020 09:05, шаҳри Хуҷанд
Запись

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 22.03.2020 09:05, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият...

Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18.03.2020 14:17, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18.03.2020 14:17, шаҳри Душанбе

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ,...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар 18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе
Запись

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар 18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ! Ҳамватанони азиз! Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад. Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям....

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17.03.2020 13:59, шаҳри Душанбе
Запись

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17.03.2020 13:59, шаҳри Душанбе

17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми даъвати...

НИҚОБҲОИ ТИББӢ ХАТАРИ СИРОЯТ АЗ КОРОНАВИРУСРО КАМ МЕНАМОЯНД
Запись

НИҚОБҲОИ ТИББӢ ХАТАРИ СИРОЯТ АЗ КОРОНАВИРУСРО КАМ МЕНАМОЯНД

Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калонанд. Андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд...

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 13.03.2020 09:59, шаҳри Душанбе
Запись

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 13.03.2020 09:59, шаҳри Душанбе

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад....

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар 07.03.2020 11:45, шаҳри Душанбе
Запись

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар 07.03.2020 11:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2020 11:39, шаҳри Душанбе
Запись

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 07.03.2020 11:39, шаҳри Душанбе

Модарону хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд...

Мулоқот бо узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ян Тзечи 01.03.2020 10:45, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ян Тзечи 01.03.2020 10:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби Коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи...