Таҷлили рӯзи модарон дар МД МТ “Истиқлол”

Таҷлили рӯзи модарон дар МД МТ “Истиқлол”

Санаи 6-уми март  дар толори калони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати  рӯзи зан модар чорабинӣ баргузор гардид.  Сараввал директори муассиса Абдуллозода  Ҷ. А.  бонувонро  бо рӯзи идашон табрику таҳният намуда иброз доштанд, ки  ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди ҳар яки бонувон – модарон, дар ҷомеаи мо мебошад. Модар воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ва бофарҳанг ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар  вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки  “Нотиқ он кас шуд, ки аз модар  шунид”.

Дар навбати дигар Раиси иттифоқи касабаи маҷмаа  Акбаров С.С. дар суханронии худ иброз намуд, ки заҳматҳои беназири зан-модар дар ҳаққи фарзанд, моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем.

Ҳамчунин Мудири шӯъбаи таҳлил, иттилоот, робитаҳои Байналмилалӣ ва рушд  Мирзоев Эмомалӣ аҳли нишастро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, иброз дошт, ки  агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.

Баъди аз таманиётҳо аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ба бонувон собиқадор тӯҳфаҳои хотирмони идома  тақдим карда шуд.

Дар охир баҳри иштирокчиёни чорабинӣ  филми “Бархез модар” намоиш дода шуд, ки бозгуи меҳру муҳаббат ва бузургии зан модар буд.