16- ноябр рӯзи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

16- ноябр рӯзи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Рӯзи 14 ноябри соли 2020 дар Муаасисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президент баргузор гардид. Дар ҷаласа Роҳбари Маҷмаа Рустамзода Хуршед суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон мутаҳҳид ва ба қалби мардумашон шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Бояд қайд кард, ки  16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунанда,  рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфт.

Ҳамин аст, ки таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обуруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро аз ҷумла  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии бо суръати кишварро мушахас муайян намудаанд.

Бале натиҷаи татбиқи барнома ва стратегияҳо ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки танҳо дар давоми чанд соли охир садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд гардидааст. Хушбахтона имруз  табибони  мо бо истифодаи дастгоҳои пешрафтаи тиб метавонанд мушкилтаррин амалиётҳои ҷарроҳиро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин омил аз пешрафти соҳаи тандурусти дар мамлакат дарак медиҳад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки  Соли  2016,  4-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Маҷмааи тандурустиро бо номи  ИСТИҚЛОЛ  расман ба истифода  қарор доданд, ки  таърихашро инсоният ёд надошт.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар баробари такмили инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ҳамзамон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо ва солимии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар ин шабу рӯз бемории сирояти КОВИД-19  ҷомеаи ҷаҳониро баташвиш овардааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист маҳз бо талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳммон ва раиси шаҳри Душабе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бар зидди  ин бемории сироятӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намудаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ садди роҳи афзоишёбии ин беморӣ гирифта шуд.

Ба хотири захмату ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, 16- ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, дар саросари кишвар ин санаи тақдирсозро бо хушнудӣ истиқбол мегиранд.

Ҳамин тариқ Рофиев Рауф Рофиевич профессор, собиқадори меҳнат, Рофиева Ҳалима Шариповна мудири шуъбаи бемориҳои дил, Алиева Зулфия Ҷумаевна муовини раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи ҲХДТ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Иширокчиён бо талаботи вақт, бо ниқоби тиббӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахси дар ҷаласаи тантанавӣ иштирок карданд.