ТАЪСИРИ ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БА САЛОМАТИИ ИНСОН

ТАЪСИРИ ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БА САЛОМАТИИ ИНСОН

Вазъи боду ҳаво, махсусан, ҳавои чангу ғуборолуд ба саломатии инсон  таъсири манфӣ дошта, он боиси пайдо шудан ва хуруҷи  бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳавои номусоид сабаби хуруҷи бемориҳои музмини  узҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо низ мегардад.

Бино ба гуфтаи мудири шӯъбаи пулмонологияи қисми бемориҳои соматикии кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқол” Бадалов И., бемориҳои хусусияти мавсимӣ дошта, ба мисли асмаи бронхиалӣ, ринити аллергикӣ (хунукии умумӣ), полиноз, бемориҳои ишемикии дил,  фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи иммунӣ дар ингуна ҳаво метавонанд азнав хуруҷ бикунанд. Бинобар ин, бемориҳои мавсимӣ низ ба мисли сирояти шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби бронхҳо ва шушҳо метавонанд дар чунин ҳавои ғуборолуд ҷараёни бемориро вазнинтар гардонанд. Зеро,  дар организми шахсони гирифтори чунин бемориҳо  ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ хуруҷ намуда, медиаторҳои илтиҳоби ва аллергикӣ, ба мисли гистамин, серотонин, брадикинин зиёдтар ҷудо мешаванд ва равиши бемориро вазнинтар мегардонанд. Тибқи гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард бештар шахсони гирифтори бемории ишемикии дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои тарбодӣ дар чунин вазъи ҳаво азият мекашанд.

-Дар ингуна боду ҳаво ба беморони дар боло зикршуда тавсия дода мешавад, ки бояд дар хона бимонанд.  Бе зарурат ба сайругашт ва сафарҳои дур  набароянд. Ҳангоми аз хона берун шудан, ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода  баранд. Он маводҳои доруворие, ки пайваста истеъмол менамоянд, бо худ дошта бошанд ва саривақт онҳоро истифода намоянд. Дар сурати бад ҳис намудани вазъи саломатияшон, фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш ва ё ба Ёрии таъҷилӣ занг бизананд ва онҳоро ба хона даъват намоянд,-иброз дошт номбурда.

Мудири шӯъбаи пулмонологияи қисми бемориҳои соматикии кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқол” Бадалов И. иброз медорад, ки  новобаста аз чунин вазъи ҳаво, беморони дар боло зикршуда бояд ҳатман реҷаи парҳезро риоя намоянд.

Ҳамзамон, дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ  ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд. Махсусан, бо матои намнок мизу курсӣ, дару тиреза, фарш ва ҷевонҳоро давоми рӯз якчанд маротиба тоза намоянд. Дар ҷараёни рубу чини хона аз чангкашаки барқӣ  истифода намудан беҳтар мебошад, зеро, он чангро дар худ нигоҳ медорад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, дар чунин вазъи ҳаво аз сайру гашт худдорӣ намудан ба манфиати саломатии шаҳрвандон мебошад. Ҳамзамон, дар давоми рӯз якчанд маротиба шӯстан ва тоза намудани ковокии бинӣ ва гулӯ  бо маҳлулҳои соддаи 2% ва оби ҷӯшомадаи ширгарм ва истифодаи нӯшокиҳои гарм тавсия дода мешавад.

Дар ингуна вазъи ҳаво ҳангоми дар хона мондан шаҳрвандонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани иммунитети бадани хеш ба варзиш машғул шаванд.