ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БО БЕМОРОН СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД. 22.05.2020

ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БО БЕМОРОН СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД. 22.05.2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст.

Шаби 21 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз марказҳои  саломатии № 9, 10 ва 14-и пойтахт боздид ба амал овард.

Зимни  боздид Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо масъулини марказҳои саломатии мазкур масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини марказҳои мазкур ва беморон бо маводҳои тиббӣ,  назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамзамон, дар марказҳои саломатии мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур  қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегиранд,   суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо вазъи саломатии онҳо шинос шуд.

Дар навбати худ беморон қайд намуданд, ки аз ҷониби табибони марказҳои мазкур ба онҳо саривақт хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад. Ҳамзамон, беморон ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои он, ки худ шахсан ба онҳо занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон шуд, изҳори сипос баён намуданд.