Табиатшифоӣ яке аз усулҳои хуби табобати бемориҳои гуногун

Home / Табиатшифоӣ яке аз усулҳои хуби табобати бемориҳои гуногун

Табиатшифоӣ чун соҳаи тибби муосир

Табиатшифоӣ яке аз самтҳои муолииҷаи бемориҳои гуногун мебошад, вале  ба ин намуди табобат то ҳол таваҷҷуҳи кам зоҳир мегардад.  Бояд донист, ки дар байни ҳамаи усулҳои табобат ва пешгирии бемориҳо, табиатшифоӣ яке аз усулҳои бехатар, дастрас, форам ва  осон аст. Аз ин хотир усулҳои табобат бо табиатшифоӣ, махсусан ба кӯдакон бисёртар таъин карда мешавад.

Табиатшифоӣ- ин таъсир ба организми инсон бо ёрии омилҳои гуногуни физикӣ ва табии бо мақсади пешгирӣ, муолиҷа ва барқарорсозӣ мебошад. Ба ин омилҳо чунин усулҳо дохил мешаванд, ба монанди майдонҳои магнитӣ, майдони электромагнитӣ, барқ, нурҳои ултрабунафш, нур, гармӣ, ҳаво, иқлим, об, ултрасадо ва ғайраҳо. Ҳамаи ин усулҳо дар муқоиса бо муолиҷа бо маводҳои доруворӣ нисбатан безарар мебошанд ва ба организм кӯмак мерасонанд, ки механизмҳои шифобахшии худро фаъол гардонад. Омилҳои табии ва физикие, ки дар табиатшифоӣ ба мақсади табобат истифода бурда мешаванд дорои чунин хосиятанд, ки дар натиҷаи табобат ба организм таконе медиҳанд, то ки нерӯи захираҳои худро истифода барад. Инчунин табобат бо табиатшифоӣ давраи идтиёмро (ремиссия) зиёд мекунад ва дар он вобастагӣ нисбати маводҳои доруварӣ дида намешавад.  Табиатшифоӣ метавонад ҳам  усули асосии табобати баъзе бемориҳо бошад ва ҳам унсурҳои иловагии ҷараёни табобати асосии он бошад.Табиатшифоӣ дар кӯдакон бештар аз калонсолон истифода бурда мешавад, зеро организми кӯдак бештар ҳассос аст ва дахолати ҷиддиро талаб мекунад.

Таъсири табобатии табиатшифоӣ

Таъсири  табобатии табиатшифоӣ аз ҳисоби фаъол гардидани баъзе майдонҳои ҳискунанда мебошад, ки дар навбати худ равандҳои солимгардониро дар организми одам фаъол мегардонад. Омилҳои гуногуни табиатшифоие, ки дар боло зикр шудаанд хосияти барқароркунии бофтаҳо ва узвҳои касолатёфтаро дошта, муҳлати сабзиши ҷароҳатро метезонанд, таъсири маводҳои дорувориро метезонанд, муҳлати табобатро кӯтоҳ мекунанд, масунияти баданро баланд мекунанд ва гузариши бемориро ба намуди музмин пешгирӣ менамояд. Вобаста ба минтақаи касолат ва мақсади табобат бо усулҳои табиатшифоӣ (табобат, пешгирӣ ва барқарорсозӣ) ба ҳар як бемор таъиноти махсуси алоҳида таъин карда мешавад, ки дар он на танҳо шумораи амалиётҳо, балки минтақа ва шиддатнокии онҳоро муқаррар мекунанд. Вобаста бар ин хусусиятҳои махсуси организми ҳар як одам, зиддинишондодҳо ва таъсири манфии ин амалиётҳо ба организми инсон ба инобат гирифта мешавад. Таъсири манфӣ дар табиатшифоӣ хеле кам дида мешавад ва метавонад танҳо аз ҳисоби бемасъулиятии табиби табиатшифоӣ ва табибони соҳаҳои маҳдуд (ҷарроҳ, шикастабанд, асабшинос ва ғайра) ба вуҷуд ояд.

 Усулҳои табобат бо табиатшифоӣ

Усулҳои табобат бо табиатшифоӣ хеле гуногунанд, вале онҳо ба ду намуди асосӣ ҷудо мешаванд: усулҳои таҷҳизотӣ ва усулҳо бо истифодаи омилҳои табиӣ. Биёед, ҳар яки ин намудҳоро ба таври муфассал дида мебароем.

Табиатшифоӣ бо истифода аз омилҳои табиӣ:

Ба ин намуд чунин усулҳо дохил мешаванд:

  • Табобат бо об (балнеотерапия ва талассотерапия)
  • Табобат бо лой (пелоидетерапия)
  • Табобат бо гармӣ (муми куҳӣ ва парафин)
  • Машқҳои ҳаракаткунанда ва нафасӣ
  • Масҳ ва таҷҳизотҳои масҳкунанда
  • Табобат бо ҳаво (гелиотерапия)
  • Ваннаҳои офтобӣ ва ғайра.

   Табиатшифоӣ бо воситаи таҷҳизот:

Дар байни усулҳои табобат бо таҷҳизот, чунин самтҳо муҳимтаранд:

  • Таҷҳизот барои табобат бо ҷараёни барқ
  • Таҷҳизот барои табобат бо майдони магнитӣ
  • Таҷҳизоти фототерапия (табобат бо рушноӣ)

Муолиҷа бо ҷараёни барқ вобаста ба таъсири ҷараёни барқӣ ба чунин намуди амалиётҳо ҷудо мешавад:

  • ҷараёни барқии доимии қувва ва шиддаташ паст
  • ҷараёни барқии тағйирёбанда
  • майдони барқӣ

Муолиҷа бо майдони магнитӣ низ ду намуд дорад:

  • Майдони магнитии тағйирёбандаи пастбасомад
  • Майдони магнитии тағйирёбандаи баландбасомад

Ба фототерапия чунин намудҳо дохил мешаванд:

  • Табобат бо нурҳои инфрасурх
  • Табобат бо нурҳои ултрабунафш
  • Табобат бо нурҳои лазерӣ
  • Табобат бо рангҳо ва ғайра

Дар бораи якчанд намуди амалиётҳои табиатшифоии таҷҳизотӣ муфассалтар маълумот медиҳем:

  • Муолиҷа бо ҷараёни барқии импулсивии пастбасомад

Чунин намуди муолиҷа системаи мушакҳо ва асабро фаъол мегардонад, ки барои беҳбудии ҳолати мушакҳо, барқарор кардани беморон, осеб дидани бофтаҳои асаб ва ҳамчунин барои харобшавӣ фоидаовар аст. Чунин намуди амалиёт равандҳои мубодиларо дар организми одам хубтар мегардонад.

  • УВЧ ё ин ки индуктотерапия

Ин таъсири майдонҳои электромагнитӣ бо басомади ултрабаланд мебошад. Хусусияти махсуси таъсири он ин аст, ки он бо осонӣ ба ҳама қабатҳои организм ворид мешавад, онҳоро гарм мекунад, гардиши хунро хубтар мегардонад ва ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиварамӣ, бедардгардонӣ, зидди ташаннуҷӣ мерасонад. УВЧ ба беҳтар кардани системаи маъсунияти инсон кӯмак мерасонад. Амалиётҳои УВЧ барои осеб ва бемориҳои узвҳои такягоҳ ва ҳаракат, узвҳои нафаскишӣ, ба равандҳои шадиди илтиҳобӣ дар пӯст, ба бемориҳои системаи асаби канорӣ таъин карда мешавад.

  • Табобат бо нурҳои инфрасурх

Ин он намуди таъсир мебошад, ки то 2-3 см ба кабати бофтаҳо ворид шуда ба худбарқароркунии бофтаҳои захмдида, гирифтани дард ва ташаннуҷ меорад, мубодила дар байни бофтаҳоро хубтар мегардонад. Фототерапия бо инфрасурх дар чунин бемориҳо мисли илтиҳоби найчаҳои нафас, илтиҳоби шуш ва шушпардаҳо, илтиҳоби буғумҳо, илтиҳоби асаб ва ғайра таъин карда мешавад. Фототерапия бо нурҳои ултрабунафш дар чунин маврид истифода бурда мешавад ба мисли раванди баланди гузариши қабатҳои девории рагҳо, кам шудани минералҳо аз таркиби устухонҳо, илтиҳоби ковокии даҳон, рахит дар кӯдакон ва ғайраҳо.

Дарсонвал Ин амалиёт ба организм тавассути барқи импулсивии баландбасомади қуввааш паст ва шиддаташ баланд таъсир мерасонад. Одатан дарсонвалро барои таъсироти ҷузъӣ истифода мебаранд, ки  ба ангезиши ҳискунакҳои асабии пӯст ва пардаҳои луобӣ оварда мерасонад. Дарсонвал ба чунин бемориҳо таъин мешавад: бемориҳои рагҳои хунгард (бемории Рейно 1-2 дараҷа, дағалшавии варидҳои хунгарди пойҳо), илтиҳоби римноки бофтаи атрофи дандон (парадонтоз), бемориҳои пӯст, рехтани мижа ва мӯй , бемории вабосир, баромадани рӯдаи рост ва ғайраҳо.

  • Маҳс

Маҳс низ яке аз амалиётҳои маъмултарин ва пешрафтаи табиатшифоӣ мебошад. Маҳс- ин маҷмӯи усулҳои механикӣ ва миқдории таъсирӣ мебошад, ки бо роҳи молиш, фишор, зарба задан ва ларзиш дар болои бадани инсон бо ёрии даст, пой ва асбобҳои махсус дар муҳити фазоӣ ва обӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи маҳс гардиши тамоми таркибҳои ҷисм- хун, лимфа, балғам, моеъи байни бофтаҳо фаъол мегарданд, ки онҳо дар навбати худ ба кам шудани карахтӣ, сустӣ ва дарди буғумҳо мусоидат мекунанд.

Маҳс  аз рӯи иҷроиш ба 2 гурӯҳ ҷудо мешавад:

  • Дастӣ
  • Ба воситаи асбобҳои махсус (таҷҳизотӣ)

Маҳс аз рӯи ҷойгирии иҷроиш ба 3 намуд ҷудо мешавад:

  • Умумӣ
  • Минтаққавӣ
  • Худмасҳкунӣ

Аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

  • Табобатӣ
  • Гигиенӣ
  • Варзишӣ
  • Косметикӣ

Таъсироти маҳс ба пӯст

  1. Ҳангоми гузаронидани маҳс тавассути пӯст импулсҳо ба системаи марказии асаб дода мешаванд, ки реаксияи ҷавобии организм ва узвҳои алоҳидаи онро муайян месозад.      
  2. Маҳс қобилияти аз сатҳи пӯст нест кардани ҳуҷайраҳои мурдашудаи эпидермисро дорост, вай дар навбати худ фаъолияти ғадудҳои чарбдор ва арақдорро беҳтар месозад.
  3. Дар раванди маҳс таъминоти хун беҳтар мешавад, ки он ба бартарафнамоии бозистии варидӣ мусоидат мекунад.
  4. Ҳарорати минтақаи иллатёфта баланд мегрдад, ки он ба шиддатгирии мубодиллаи моддаҳо ва ферментҳо мусоидат менамояд.
  5. Дар зери таъсироти масҳ тонуси пӯст ва мушакҳо баланд мегардад, қобилияти кашишхурии пӯст беҳтар мегардад, ки он ба зиёдшавии чандирӣ ва устувории онҳо оварда мерасонад.

Таъсироти маҳс ба системаи асаб

  1. Канорӣ
  • Шиддатёбии раванди барқароршавӣ
  • Пастшавии нуқсонҳои вазомоторӣ
  • Беҳтарнамоии ғизогирии бофтаҳо
  1. Марказӣ
  • Пастшавӣ ё пурзуршавии гузариши асаб
  • Пастнамоии дард
  • Пурзурнамоии алоҳидаи рефлектории қишри майнаи сар бо мушакҳо, рагҳо ва узвҳои дарунӣ.

Таъсироти маҳс ба системаи мушакҳо

Аз 30 то 40% вазни ҷисми инсони болиғро мушакҳо ва устухонҳо ташкил мекунанд. Торҳои мушак хусусияти хоси ихтироршавӣ ва чандириро соҳибанд. Таҳти таъсири масҳ ҳаракат ва чандирии бофтаҳои мушакҳо тағйир ёфта, қобилияти фишурдашавии онҳо беҳтар мегардад, хастагӣ рафъ шуда, қобилияти корӣ ва муқовиматии мушакҳо меафзояд. Маҳс инчунин ба равандҳои хунгардӣ ва оксиду барқароршавиро дар мушакҳо хубтар намуда, боиси авҷ гирифтани истихроҷи маҳсулоти мубодилаи онҳо шуда метавонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вараму карахтӣ ва дарди мушакҳоро, ки пас аз машқҳои пуршиддати варзишӣ сар мезанад, тавассути маҳс бо осонӣ рафъ намудан мумкин аст.

Таъсироти маҳс ба системаи хунофарӣ

  1. Васеънамоии манбаъҳои захиравӣ
  2. Зиёднамоии гардиши хун дар минтаққаҳои иллатёфта
  3. Беҳтаршавии тақсимоти хун дар организм

Чи тавре, ки дар боло зикр шудааст, бо усулҳои табиатшифоӣ бемориҳои шамолхурӣ, бемориҳои пӯст, бемориҳои системаи такягоҳ ва ҳаракат, узвҳои ҳозима, системаи асаб ва системаи дил ва рагҳо табобат карда мешавад. Аксари амалиётҳои табиатшифоӣ на танҳо барои табобат, балки барои барқароршавӣ баъд аз бемориҳои вазнин ва барои пешгирии бемориҳои сутунмӯҳра ва роҳҳои нафас васеъ истифода бурда мешаванд.

Аз ин мо хулоса бароварда метавонем, ки табиатшифоӣ як соҳаи мустақили тибби муосир буда, амалиётҳояш бехатар, форам, аз ҷиҳати маблағ дастрас ва аз ҳама муҳимаш таъсири фоидаовар, барқароркунанда ва бардавом мебошад.

Аюбов С: Мудири шуъбаи табиатшифоии қисми ҷаррроҳии кӯдакона.