Шуъбаи нефрологӣ

Home / Шуъбаи нефрологӣ

Шуъбаи нефрологӣ

Шуъба дар ошёнаи 2-юми Бинои №7 МД МТ “Истиқлол” ҷойгир буда,  иборат аз 10 ҳуҷра ва 20 кати хоб, ҳуҷраҳои доругузаронии 1-ум ва 2-юм, утоқи мудири шӯъба, ҳуҷраи табибон, толори бозиҳо, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Вазифаи асосии шъбаи нефрологӣ ин табобати бемориҳои узвҳои шоша ба шумор меравад.

Дар шуъба 1 дастгоҳи балғамкашаки барқӣ ва 1 комплекти ташхисӣ (отоскоп+офтолмоскоп) бо мақсади табобатию ташхисӣ истифода мешаванд.

Дар шӯъба дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда табобати беморон ба таври ройгон ба роҳ монда шуда,  онҳо ду вақт, яъне субҳ ва нисфирӯзӣ бо хӯроки гарми парҳезӣ таъмин мебошанд. Ҳар як ҳуҷраи хоби беморон бо шароитҳои лозима мувофиқи талаботҳои ҷаҳони муосир таъмин мебошанд.