Шуъбаи гушу, гулӯ ва бинӣ

Асосӣ / Шуъбаи гушу, гулӯ ва бинӣ

Шуъбаи гушу, гулӯ ва бинӣ

Шуъбаи гушу, гулӯ ва бини дар бинои 4-уми ошиёнаи 4-уми бинои қисми бистаринамои калонсолон ҷойгир аст. Шӯъбаи мазкур дар ҳаҷми 22- кат муҷаҳас гардида, ва ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба беморони бистаришавандаи ҷумҳурӣ ва пойтахт хизмат мерасонад. Шуъбаи гӯшу, гулӯю бинии бистаринамоии калонсолон воҳиди сохтори Муассисаи Давлатии   Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  буда, барои расонидани ёрии махсус гардонидашуда ва ихтисосии ташхисию табобатӣ ба беморони гирифтори бемориҳои гуногуни  гӯшу, гулӯ ва бинӣ ташкил шудааст.

Шуъба дар бинои пурра ба талаботи қоидаҳои сохтор, истифодабарӣ, техникаи бехатарӣ ҷавобгӯ буда, ки нисбат ба шӯъбаҳои статсионарӣ муқаррар гардидаанд, ҷойгир аст.

Асли басти шӯъба тибқи меъёрхои воҳиди муассисаҳои муолиҷавӣ муайян карда мешавад.

Сохтори шӯъба аз ҳуҷраҳои зеррин иборат аст:

  • Амалиётхона;
  • Ҳуҷраи захмбандӣ;
  • Ҳуҷраи сӯзандармонӣ;
  • Ҳуҷраҳои беморон;
  • Ҳуҷраи мудири шӯъба;
  • Ҳуҷраи ҳамшираи калон;
  • Ҳуҷраи ҳамшираи хоҷагидор;

 Мақсади асосии шӯъба, расонидани ёрии баландсифати махсусгардонидашудаи тиббӣ ба аҳолии гирифтори бемориҳои  гуногуни  гӯш, гулӯ ва бини мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъба инҳо мебошанд:

  •  Ташхис ва табобати беморони аз 18 сола болои бемориҳои гуногуни гуш, гулӯ ва бини, ки ба шароити бистариши рӯзона зарурат доранд. Ташкил ва таъмини ташхиси саривақтӣ, табобатӣ ва барқароркунии беморон;
  • Дар асоси дастоварҳои навини илму техника дар амалия тадбиқ намудани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни гӯш, гулӯ ва бинӣ.
  • Таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати ташхис ва табобат дар шӯъба;
  • Аз рӯи нақша тайёр намудани мутахассисон ва баланд бардоштани савияи тахассусии табибони шӯъба;
  • Риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ дар шӯъба;
  • Риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор дар шӯъба;
  • Гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондадиҳи дар байни табибони дигар муасисаҳои шифоию пешгири ва аҳоли барои пешгири ва саривақт муайян кардани бемориҳои гуногуни гӯшу, гулӯ ва бинӣ;
  • Дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷҷатхои тиббӣ аз рӯи муҳлат ва шаклҳои муқараргардида;
  • Таҳлили ҳармоҳаи фаъолияти шуъба, аз рӯи намунаи муқараргардида, саривақт пешниҳод намудани ҳисобот ба роҳбарияти марказ;

Дар шӯъба ҷарроҳиҳои таъҷилӣ ва нақшавӣ гузаронида мешавад.

Нақшавӣ:

  1. Септопластика.
  2. Вазотомияи садофаҳои поёни бини.
  3. Полипотомияи бини.
  4. Полипоэтмоидотомия.
  5. Аденотомия, тонзиллотомия.
  6. Тонзиллэктомияи дутарафа.
  7. Тимпанопластика.
  8. Риносептопластика.

Таъҷилӣ:

  1. Коркарди аавалиндараҷаи захм.
  2. Ҷобаҷогузории устухонҳои бини.
  3. Трахеостомия.
  4. Ожидани ҷавфҳои назди бини.

Гузаронидани табобати консервативӣ:

  1. Синуситҳо
  2. Пастшунавоии нейросенсорӣ
  3. Ларингит, фарингит, ринит.