Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ

Асосӣ / Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ

Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 4-ум дар блоки 8-уми А ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ ҳамчун шуъбаи махсусгардонида шуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои ҳуҷраҳои як ва ду нафара, толори наҷот, толори валодат, ду ҳуҷраи беморони баъди ҷарроҳӣ, чор ҳуҷра барои беморони преэклампсияи вазнин, ҳуҷраи навзодон,  ҳуҷраи нигоҳдории дорувории нашъаовар, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, либосҷои мардона ва занона мебошад. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ, ки собиқаи кории 30-сола дорад Ҳалимов Сангак мебошад. Инчунин дар шуъба духтурони наҷот, духтур лабарант, акушер гинеколог, трансфузиолог, терапевт, ки  ҳамагӣ дорои собиқаи кориянд, ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 1 ҳамшираи калони беҳискунӣ, 3 ҳамшираи беҳискунӣ, 11 ҳамшираи хуҷравӣ  фаъолият мекунанд.

Дар шуъбаи тамоми муоинаҳои лабараторӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи анестезиология ва реаниматалогия ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида мешавад ва инчунин дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.