Шуъбаи диабети қанд

Асосӣ /  Шуъбаи диабети қанд

 Шуъбаи диабети қанд

Шуъбаи  диабети қанд  воҳиди сохтори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” буда, барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои диабети қанд ташкил карда шудааст. Ёрии мазкур нақшавӣ ва фаврӣ шуда метавонад.

Мақсади асосии шӯъбаи диабети қанд, расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои диабети қанд  мебошанд. Шуъбаи  диабети қанд  дар ҳаҷми 15 кат, дар ошёнаи 4 -уми блоки 4А ҷойгир аст.

Вазифаҳои асосии шуъбаи  диабети қанд аз инҳо иборат аст:

  • ташхис ва табобати беморони аз синни 18 сола боло, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд мебошанд;
  • таъмини иҷрои Протоколҳои клиникии бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида;
  • таъмини иҷрои Барномаҳои миллии соҳави, ки бо фаъолияти шӯъба вобаста мебошанд;
  • дар фаъолияти шӯъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
  • дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
  • таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
  • дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои тиббӣ аз рӯи мӯҳлат ва шаклҳои муқаррагардида;
  • таҳилили фаъолияти шӯъба, саривақт пешниҳод намудани ҳисобот ба шӯъбаи омории маҷмаа;
  • пеш бурадни корҳои илмию тадқиқотӣ дар шуъба;
  • мувофиқи нақша тайёр намудани мутахассисон, такмили ихтисос ва дараҷанокии кормандони тибби шӯъба;
  • риояи реҷаи санитарию гигиенӣ;
  • риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор;
  • гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондададиҳӣ бо беморон.