Шуъбаи бемориҳои дил

Асосӣ / Шуъбаи бемориҳои дил

Шуъбаи бемориҳои дил

Бо назардоште, ки сатҳи беморӣ, касолат  нисбати бемориҳои дилу рагҳои хунгард зиёд мебошад, барои пешгирӣ, табобат, паст намудани маъюбият, фавт ва  солимиии миллат, дар соҳаи дилшиносӣ (бемориҳои дил ва наҷот)  дар ҳаҷми 18 кат (8 кати алоҳида  бемориҳои дил ва  10 кат  бемориҳои дил ва наҷот, дар бинои 4-уми ошёнаи 5 -уми блоки А махсус шуъбаи бемориҳои дил фаъолият менамояд.

Бахш яке аз бахши клиникавии  Муасиссаи давлатии «Маҷмааи тандурусти“ Истиқлол”, Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияташ  ба табобати бемориҳои зерин равона карда шудааст:

  • ҳамаи  намудҳои  стенокардияҳои устувори фаъолияти ҷисмонӣ ва дигар намудҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил
  • норасогии музмини гардиши хун сабабаш бемориҳои коронари бо ҳамҷоягии дигар бемориҳое , ки ҷараёни онро ғаразкунанада (диабети қанд, бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва шуш, бемориҳои музмини гурдаҳо), ки табобати оҷили эҳтиеҷ надоранд.
  • номуратабии музмини кори дил ва интиколкунӣ, ки табобати оҷили (наҷоти) эхтиеҷ надоранд ва бо тарики нақшави табобат мешаванд.
  • инчунин дигар бемориҳое, ки бо вобастаги аз фаъолияти пурраи катҳо бистарӣ мешаванд.

Ва аз он, пешгирии оризаҳои хафноки ин ҳолатҳо, расонидани ёрии ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиолоҷии вилоятӣ, бахшҳои бемориҳои дилу шараён дар ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани дилпизишкон, равона карда шудааст. Бахш  дорои  8  кат буда,  аз сохторҳои зерин иборат мебошад: ҳуҷраи табобати оҷилӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи  беморон ва ҳуҷраҳои ёрирасон .

Дар бахш 8 басти корӣ пешбинӣ шудааст. Такмилият ба табибон ва ҳамшираҳои шавқат 100 %-ро ташкил медиҳад.

Сохтори шӯъба чунин ҳуҷраҳоро дарбар мегирад:

  • 8 ҳучраи табобатӣ дорои 1 кат, ки дорои ҳаммом ва ташноби алоҳидаанд
  • Буғи зимистонаи барҳаво
  • Ҳуҷраи ординаторон
  • ҳуҷраи ҷароҳатбандии муҷаҳҳаз бо ҳама асбоб ва лавозимоти корӣ
  • 2 ҳучра (мардона ва занона), барои кормандон, бо ҳаммом ва ташноби алоҳида
  • ҳуҷраи дармон
  • ҳуҷраи хочагидор
  • 2 ҳуҷра барои ивази либосҳо
  • ҳуҷраи ҳамшираи калон
  • ҳуҷраи мудири шӯъба
  • ошхона

Вазифаҳои шуъба:

Мақсади асосии шуъбаи  бемориҳои дил  ташхисгузаронӣ ва расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои дил ва рагҳои хунгард мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъбаи бемориҳои дил аз инҳо  иборат аст:

  • ташхис ва табобати беморони синни аз 16 сола боло, ки гирифтори бемориҳои дил ва рагҳои хунгард мебошанд;
  • паст намудани миқдори оризаҳо;
  • дар фаъолияти шуъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
  • дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
  • таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
  • гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондадиҳӣ бо беморон.

Дар  шуъба таҷҳизоти ҳозиразамонӣ, ки бо воситаи он ҳамаи бемориҳои рагҳои хунгард ва дил ташхис  ва табобат  карда мешавад ба беморон хизмат расонида истодаанд. Дар бахш дар ҳар як ҳуҷраи табобатӣ кардиоманитор, оксиген васл карда шудааст.

Ҳуҷрааи алоҳида  барои гузаронидани ташхиси ЭХОКГ, ЭКГ   фаъолият  мекунад. Дар ҳуҷраи дармон асбобҳои барои ёррии тиббии таъҷилӣ расонидан:  (монитор, дефибрилятор, перфузор, инфузиомат,  танометр, халтаи Амбу, компютор партативӣ, электроатсосо, лапаҳои бактериосидӣ,  дефибрилятор бо аробача ҷевон барои доруворӣ, тарозу ҷиҳозонида шудааст.