Шуъбаи бемориҳои дил ва тарбод

Home / Шуъбаи бемориҳои дил ва тарбод

Шуъбаи бемориҳои дил ва тарбод

Шуъба дар ошёнаи 3-юми бинои №7 Маҷмааи тандурустии  Истиқлол ҷойгир буда,  иборат аз 10 ҳуҷра ва 20 кати хоб, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, ҳуҷраи функсионалӣ, утоқи мудири шӯъба, ҳуҷраи табибон, утоқи ҳамшираи калон, толори бозиҳо, ошхона иборат мебошад. Вазифаи асосии шӯъбаи кардиологӣ  ин табобати бемориҳои дил ва тарбод ба шумор меравад.

Дар шуъба 1 дастгоҳи ЭКГ- и 3 ноқила, дефибриллятор, дастгоҳи СИПАП,  дастгоҳи небулайзер барои ингалятсия, комплекти ташхисӣ (отоскоп+офталмоскоп), динамометр, пулсоксиметр бо мақсади табобатию ташхисӣ истифода мешаванд.

Дар шуъба дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда табобати беморон ба таври ройгон ба роҳ монда шуда,  онҳо ду вақт, яъне субҳ ва нисфирӯзӣ бо хӯроки гарми парҳезӣ таъмин мебошанд. Ҳар як ҳуҷраи хоби беморон бо шароитҳои лозима мувофиқи талаботҳои ҷаҳони муосир таъмин мебошанд.