Шуъбаи ҷарроҳии навзодон

Асосӣ / Шуъбаи ҷарроҳии навзодон

Шуъбаи ҷарроҳии навзодон

Шуъбаи ҷарроҳии навзодон муасисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 7 ошёна дар ошёнаи 4-ум  дар блоки 6-уми А, Б ва В бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи ҷарроҳии навзодон ҳамчун шуъбаи махсусгардонида шуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 7 ҳуҷраи ду нафара бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Як ҳуҷраи баъди амалиёти беморон, ҳуҷраи бандинабандӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона, ҳуҷраи бронхоскопӣ. Мудири ин шуъба, мутахасиси ҷавон ки собиқаи кории 4-сола дорад Давлатов Афзалҷон Раҳмоналиевич мебошад. Дар шуъбаи мазкур 11 –ҳамшира фаолият мекунанд, ки аз инҳо ду нафарашон дараҷаи оли  доранд. Дар шуъбаи ҷарроҳии навзодон беморони  бо нуқсонҳои модарзоди тавалуд шуда бистари карда мешаванд. Дар шуъбаи ҷарроҳии навзодон тамоми муоинаҳои лабараторӣ, R-графияи қафаси сина, ултрасадои узвҳои ковокии қафаси сина,  допплерографияи рагҳои хунгард, томография компютерӣ гузаронида мешаванд. Дар шуъба аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҷарроҳии кудакона, анестезиология ва реаниматалогия ДТБКСТҶТ ҳар ҳафта рузҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинаги гузаронида мешавад ва инчунин дастуру тавсияҳои клиники дар барномаи табобатии беморон ҳамаруза истифода бурда мешавад. Дар шуъба амалиёти ҷарроҳи бо усулҳои ҳозиразамон проктопластикаи чатани бо усули Пена, амалиёти ҷарроҳии бемориҳои Гишспрунг бо усули Деле Море Мандраган (трансанали)  гузаронида мешаванд.