Шуъбаи ҷарроҳии фасодӣ кӯдакон

Home / Шуъбаи ҷарроҳии фасодӣ кӯдакон

Шуъбаи ҷарроҳии фасодӣ кӯдакон

Шуъбаи ҷарроҳи фасодӣ кудакон дар ошёнаи 5-ум ҷойгир буда, дорои 15 кати бистарии беморон ва дорои 1- боғи зимистона мебошад. Дар шуъба мудир ва 1-нафар духтур фаъолият доранд.

Мудири шуъба н.и.т Мирзоев Довуд Саидназарович  мебошад. Дар шуъба аз кафедраи ҷарроҳи кудакона, эҳё  ва мадҳуш Донишгоҳи такмили ихтисоси баъди дипломи ҶТ, н.и.т. дотсент Рофиев Р.Р. ҳамчун машваратчӣ кор ва фаъолият мекунад.

Дар шуъба ташхисҳо ва амалиётҳои зерин гузаронида мешаванд:

Усулҳои ташхис: (Лабараторӣ, Ултрасадои роҳҳои пешобдон, ковокии батн, ҷигар, рентгенографияи умумӣ ва ихроҷӣ, систография,  фистулография, КТ, МРТ.)

Торакотомия эхинококкэктомияи шуш ва ҷигар. Остеопунксия ва остеоперфорасияи устухонҳо. Бартарафкуни носурҳои параректали ва гард, ҳамаи намудҳои ҷарроҳиҳои фасоди ковокии батн, (бартарафкуни энтеростома ва колостома) гузаронида мешаванд.