Шуъбаи қабули таваллудхона

Home / Шуъбаи қабули таваллудхона

Шуъбаи қабул муасисаи соҳаи тандурусти ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 1-ум дар блоки 8-уми А ҷойгир буда бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи қабул ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб рафта дорои 6 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои навтарини тиббӣ мебошад.аз ҷумла долони даромад, ҷуҷраи муоина, ҳуҷраи фаросавтӣ, озмоишгоҳи фаросавти,  ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона. Дар  шуъба духтурони  дараҷаи олӣ  5  акушерка, 1 ҳамшираи калон, 4 озмоишгар, 3 ҳамшира фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 2 нафарашон дараҷаи оли, 4 нафарашон дарачаи якум, 3 нафар дараҷаи дуюм  доранд.

Дар шуъбаи қабул тамоми муоинаҳои лабараторӣ, ЭКГ, УЗИ, гузаронида мешавад. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедра, ҳар ҳафта рузҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинаги гузаронида шуда дастуру тавсияҳои клиники дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.