Назифов Саидислом Ташрифович

Home / Назифов Саидислом Ташрифович

Назифов Саидислом Ташрифович 6-уми ноябри соли 1968 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1976 то соли 1986 дар мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Муъминобод таҳсил кардааст.

Аз соли 1987 то 1989 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши Советӣ хизмат намудааст. Соли 1990 ба факултаи табобатии ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1995 онро бо муваффақият хатм намудааст.

Соли 1996 дар  Донишкадаи Такмили Ихтисоси баъдидипломии тиббии ВТ ҶТ интернатура гузаштааст. Аз соли 1997 баъди хатми интернатура  дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии ш. Душанбе ба ҳайси духтури  ҷарроҳи  шуъбаи дуюми ҷарроҳӣ кор кардааст. Номбурда ихтисосашро дар Федератсияи Росия такмил додааст. Назифов Саидислом Ташрифович -табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ, аз 7-уми июни соли 2016 дар МТИ ба ҳайси мудири шуъбаи нурӣ кор ва фаъолият менамояд.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.