Бемории  каҷшавии сутунмуҳра ба паҳлуҳо дар кӯдакон ва наврасон

Home / Бемории  каҷшавии сутунмуҳра ба паҳлуҳо дар кӯдакон ва наврасон

Бемории  каҷшавии сутунмуҳра ба паҳлуҳо дар кӯдакон ва наврасон   (сколиоз)

Бемории каҷшавии сутунмуҳра тезтар ва бармаҳал ба бемории остеохондрози сутунмуҳра оварда мерасонад. Мо бо пешгирии бемории каҷшавии сутунмуҳра хатари сар задани бемории остеохондрози сутунмуҳраро коҳиш медиҳем.

Мутаассифона, ба мушкилоти каҷшавии сутунмуҳра дар кӯдакон то ҳол диққати ҷиддӣ дода нашудааст ва ин масъала ҳалли худро ба таври зарурӣ наёфтааст. Хубтар мешуд, ки волидайн ба қаду қомати фарзандони худ ба он, ки чи хел менишинанд, роҳ мегарданд ва рост меистанд аҳамият медоданд. Чунки дар сурати мушоҳида гардидан ҳоҷати сари вақт пешгирӣ намудан ва ё табобат кардани бемории мазкур ба миён меояд.

Гирифтор шудани кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба бемории рахит яке аз сабабҳои  паҳну ҳамвор шудани тахтапушт гардида, ба паст шудани хосияти чандирӣ ва ёзиши сутунмуҳра мусоидат мекунад ва ба каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонад. Барои ҳамин, модарони азиз, нагузоред, ки бемории рахит дар кӯдакони шумо сар зананд ва аз беаҳамиятӣ сабаби ба маъюбият гирифтор шудани фарзандони шумо гардад.

Ҳангоми ҳомиладорӣ  дараҷаи лозимии нурафкании нурҳои ултрабунавшро гирифта, кӯдаконро аз рӯзи аввали таваллуд ба нурҳои офтоб одат кунонед, ё ин ки лампаи нурафкани ултрабунавшро дар назди кӯдакон гузоред, то ба онҳо нурҳо таъсир расонанд, зеро бо таъсири он дар ҷисми кӯдак витамини D ҳосил мешавад.  Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки дар ин мушкилӣ равғани моҳӣ низ ба шумо кӯмак мерасонад. Бояд донист, ки равғани моҳӣ дар тиб чун воситаи пешгирӣ аз бемории рахит истифода бурда мешавад.

Гузашта аз ин инкишофёбии каҷшавии сутунмуҳра аз синни мактабӣ бо сабаби дуру дароз ва нодуруст нишастани кӯдак дар мизу курсии таълимӣ  маншаъ мегирад. Раванди чунин ҳолат дар 80 дарсади кӯдкаони мактабӣ мушоҳида карда мешавад.

Омилҳои дигаре, ки дар кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонанд инҳоянд:

  • Cахт печонидани кӯдаки хурдсол ва беҳаракат мондани он дар як ҳолат,
  • Якчанд соат дар як рӯз ҷунбонида дар як даст нигоҳ доштан
  • Кӯдаки ҳоло дуруст инкишоф наёфтаро волидайн бесаброна дар болои болишт ба муҳлати дароз мешинонанд,  гуё ҷисми ӯро ба инкишоф ёфтан маҷбур мекунанд, аммо баръакс, аз нофаҳмӣбарои хуруҷ ва ташакули каҷшавии сутунмуҳра асос мегузоранд.
  • Дар мактаб бошад кӯдак маҷбур аст, ки соатҳои дуру дароз дар паси мизу курсиҳои баланду ноқулай шинанд.
  • Бемаврид нишастан дар назди оинаи нилгун, аз меъёр зиёд банд шудан ба бозиҳои компютерӣ,
  • Фаъолияти пасти ҷисмонӣ,
  • Ташкили нодурусти машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб ҳамаи инҳо омилҳое ҳастанд, ки каҷшавии сутунмуҳраро метезонанд.

Мутаассифона, аз 100 фисад танҳо 20 дарсади шумораи хонандагонро, ки мактаби миёнаро хатм мекунанд комилан солим гуфтан мумкин асту халос.

Каҷшавии сутунмуҳра дар давраи мактабхонӣ, каҷшавии мактабӣ ва ё ибтидоӣ низ номида мешавад.

Каҷшавии сутунмуҳра қисми қафаси сина ба рост ва қисми миён ба чап S –монанд номида мешавад. Зуд-зуд кӯдакони синфҳои ибтидоиро волидайн барои ҳусни хати бад доштан ва хатоиҳо дар бақайдгирии дафтарҳо сарзаниш мекунанд. Кӯдакон дар навбати худ намехоҳанд, ки волидайн такроран онҳоро сарзаниш кунанд. Аз ин рӯ ба дасти рост такя карда, дар мизу курсиҳои ноқулай муҳлати дароз аз паҳлуи рости тахтаи синфӣ нишаста кӯшиш мекунанд, ки ҳарфу рақамҳоро дуруст нависанд.  Бардавом муҳлати дароз китфи рост аз пеш ва баланд аз китфи чап нишастан ва бадан ба тарафи чап гардонда ин ҳолати ассиметрия, сустии мушакҳои паҳлуи сутунмуҳра ба каҷшавии сутунмуҳра оварда мерасонад.

Ҳангоми каҷшавии сутунмуҳра дараҷаи 1-ум дар ҳолати кӯдак рост истодан амалан ноаён аст ва қаду қомати танбал бо сари хамида ва китфони рабуда, кӯзапуштӣ, китфи рост боло аз китфи чап, кунҷи шонаи рост аз хати миёна ҷудо, нобаробарии на он қадар калони секунҷаҳои кос мушоҳида карда мешавад. Нимдоираи каҷӣ ҳангоми хам кардани тан ба пеш ва амалан дар ҳолати хоб рафтан беҳтар дида ва муайян карда намешавад.

Ҳангоми каҷшавии сутунмуҳра дараҷаи 2-юум нобаробарӣ дар болои китф, кунҷҳои шонаҳо, секунҷаҳои кос аёнтар мешаванд. Кос аз чап поён мефарояд, дар қисми миён аз чап дар тарафи каҷӣ ғалтаки мушакҳо ба вуҷуд меояд, чурраи қабурғавӣ дар қисми қафаси сина пайдо мешавад. Акнун дар ҳолати хоб рафтан каҷии сутунмуҳра нигоҳ дошта ва муайян карда мешавад.

Дар каҷшавии сутунмуҳра дараҷаи 3 ва 4 деформатсияи системаи устуғону мушакҳо бараъло намоён аст ва хусусияти инҷиқиҳои баданро дорост.

Зарур аст, ки каҷшавии давраи мактабӣ аз каҷшавии статикӣ фарқ карда шавад. Чунки вай аз кӯтоҳ будани як пой, ки ҳангоми баромади модарзодии рон, паҳнпоӣ, рахит, сил ва дигар вайроншавиҳои системаи такяву ҳаракат ба вуҷуд меояд.

Каҷшавии статикӣ, чун қоида, дар қисми миёни сутунмуҳра рух медиҳад ва самти нимдоира ба тарафи пои кӯтоҳ нигаронида шудааст.

Хусусияти фарқкунандаи он чунин аст, ки агар кӯдаки беморро дар сатҳи ҳамвор шинонем, каҷшавии статикӣ нест мешавад, лекин ин фақат дар давраҳои аввали беморӣ мушоҳида мегардад. Барои ислоҳ кардани каҷшавии статикӣ дар давраи аввали беморӣ барои мувофиқат кардани пои дароз бо пои кӯтоҳ ба зери пошнаи пои кӯтоҳ гузоштани матоъ кифоя аст.

Дар давраҳои баъдӣ ба ғайр аз мувофиқа кардани пои кутоҳ бо пои дароз гузаронидани машғулиятҳои машқҳои махсус зарур меояд.

Мудири шуъбаи табиатшифоӣ – Аюбов Сабзалӣ Раҷабович